“Автобус”, “Рақси зиндагӣ”… Ширкати 4 филми “Тоҷикфилм” дар кинофестивали байналмилалии Тошканд

Дар доираи 13 – умин Кинофестивали байналмилалии Тошканд – “Дурдонаҳои Роҳи абрешим”, ки 28 сентябр ифтитоҳ мешавад, 4 филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” ширкат мекунанд. “Филми “Автобус” – и коргардон Абдулҳай Зокиров, “Рақси зиндагӣ”- Муҳаббат Сатторӣ, “Сафарӣ ҳавоӣ”- Далер Рахматов, «Сафи домодҳо» – Румӣ Шоазимов дар фестивал ширкат мекунанд”, – хабар доданд аз “Тоҷикфилм”. Ба иттилои манбаъ, […]

Дар доираи 13 – умин Кинофестивали байналмилалии Тошканд – “Дурдонаҳои Роҳи абрешим”, ки 28 сентябр ифтитоҳ мешавад, 4 филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” ширкат мекунанд.

“Филми “Автобус” – и коргардон Абдулҳай Зокиров, “Рақси зиндагӣ”- Муҳаббат Сатторӣ, “Сафарӣ ҳавоӣ”- Далер Рахматов, «Сафи домодҳо» – Румӣ Шоазимов дар фестивал ширкат мекунанд”, – хабар доданд аз “Тоҷикфилм”.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи кинофестивал ҳамчунин Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он беш аз 10 филми Тоҷикистон барои тамошобинони ӯзбек намоиш дода мешаванд.

Дар доираи баргузории ҷашнвора, ҳамчунин имзои меморандум доир ба таҳияи филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар назар аст.

“Дар ин чорабиниҳо аз Тоҷикистон 11 нафар, аз ҷумла коргардонҳо, таҳиягарон, ҳунармандони театру кино, кормандони масъули “Тоҷикфилм” бо роҳбарии раиси он Муҳаммадсаид Шоҳиён ширкат хоҳанд кард”,- гуфт манбаъи мо.

Гуфта мешавад, дар доираи ҷашнвора коргардонҳои Озарбойҷон, Беларус, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбакистон беш аз 150 филми худро намоиш медиҳанд.

Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки бо номи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё, Африка ва Амрикои Лотинӣ ҳам машҳур аст, дар замони Шӯравӣ (аз соли 1968 то 1988) ва дар солҳои истиқлоли Ӯзбакистон (солҳои 1992 ва 1997) баргузор мешуд. Қарор дар бораи азсаргирии ҷашнвораи мазкурро, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи июни соли 2021 қабул намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.