Нишондиҳандаи ваксинагирӣ аз COVID-19 дар минтақаҳои Тоҷикистон

То 30 сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 млн 421 ҳазору 359 нафар (41,6%) ваксина гирифтанд. Аз давраи пурраи ваксинагирӣ, яъне гирифтани ду воя (доза) 1 млн 798 ҳазору 992 нафар (30,9%) гузаштаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс”сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров маълумот дод. Нишондиҳандаҳои фарогирии […]

Анна Мифтахова, Asia-Plus

То 30 сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 млн 421 ҳазору 359 нафар (41,6%) ваксина гирифтанд. Аз давраи пурраи ваксинагирӣ, яъне гирифтани ду воя (доза) 1 млн 798 ҳазору 992 нафар (30,9%) гузаштаанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс”сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров маълумот дод.

Нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолӣ бо ваксина дар минтақаҳо чунинанд:

– Душанбе – 82,8%;

– ВМКБ – 60,7%;

– вилояти Суғд – 34,6%;

– вилояти Хатлон – 32,8%;

– Ноҳияҳои тобеи марказ – 33,6%.

Маъракаи эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаи зидди бемории коронавирус дар Душанбе 25 июн оғоз гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА).

Ба савол дар бораи аз кай оғоз шудани маъракаи бо ваксина фарогирии кӯдакон дар Тоҷикистон, Наврӯз Ҷаъфаров посух дод, ки Вазорати тандурустӣ ҳоло дар ин бора тасмим нагирифтааст, ҳарчанд дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба  эмкунии кӯдакони синни аз 12-сола боло иҷоза шуд.

“Кумитаи ҷумҳуриявии раҳбарӣ оид ба масоили ваксина дар ҳамдастӣ бо олимон рӯйи ин масъла кор мекунанд, зеро дар ин самт бисёр масъалаҳое ҷой доранд, ки дақиқ омӯхтан зарур аст”, – иброз дошт вай.

Дар анборҳо ваксина ҳаст?

– Дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ваксинаҳои зиёдатӣ боқӣ намемонад, онҳо кифоя нестанд. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ 933 ҳазор ваксинаи панҷ навъ мавҷуд аст. Ваксинаи Pfizer гирифтем, лекин алҳол истифода намебарем, зеро сӯзандоруҳоро интизорем. Ваксинаҳои нав, аз ҷумла ҳам чиниву ҳам AstrаZeneca ва Moderna. Ваксинаҳо дар доираи ҳамкорӣ тибқи барномаи COVAX ва аз ҳисоби кумаки башардӯстона аз дигар кишварҳо дастрас мешаванд.

Бо вуҷуди дигар ошкор нашудани ҳолатҳои нави сироятёбӣ, ба ваксиназании оммавии аҳолӣ идома медиҳем. Ваксиназанӣ хуруҷи мавҷҳои нави эпидемияро бозмедорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.