Парлумони Тоҷикистон истифодаи роҳу бандарҳои Гурҷистонро барои боркашонӣ маъқул донист

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи 14 апрел бо Тифлис имзошударо “Дар бораи алоқаи байнулмилалии автомобилӣ” байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Гурҷистон якдилона тасдиқ намуд. Зери санади мазкур вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Натия Турнава ва вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имзо гузоштанд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири нақлиёти […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи 14 апрел бо Тифлис имзошударо “Дар бораи алоқаи байнулмилалии автомобилӣ” байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Гурҷистон якдилона тасдиқ намуд.

Зери санади мазкур вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Натия Турнава ва вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имзо гузоштанд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Раҳим Бобозода зикр кард, ки имзои созишнома ба рушди минбаъдаи алоқаи автомобилӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ҷонибҳо мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар санад боркашонӣ бар асоси иҷозатномаҳо тибқи квота ба ҳарду самт, боркашонии транзитӣ, аз ҷумла алоқаи автомобилӣ бо кишварҳои сеюм ё аз кишвари сеюм пешбинӣ шудааст.

Ҷузъиёти масъалаҳоро ҷонибҳо ҳамасолда бар асоси созишномаи имзошуда баррасӣ ва муайян мекунанд.

Дар созишнома инчунин танзими маосили ҳуқуқии марбут ба боркашонии автомобилӣ байни ҷонибҳо зикр шудааст, ки ба боркашонҳои ҳар ду ҷониб дар ҷараёни кори онҳо кумак хоҳад кард.

Қаблан байни ҷонибҳо чунин созишнома набуд, лекин миёни Гурҷистон ва вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон варақаҳо (бланкаҳо)-и иҷозатнома ба боркашонии автомобилӣ табодул мешуд.

Гурҷистон ва Тоҷикистон дар доираи барномаи TRACECA (“Роҳи нави Абрешим”), ки ба рушди долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё равона шудааст, ҳамкорӣ мекунанд.

“Мувофиқи меъёрҳои созишнома Тоҷикистон ба роҳандозии алоқаи автомобилӣ тариқи Гурҷистон ба Туркия, инчунин истифодаи бандарҳои баҳрии Гурҷистон барои боркашонии автомобилӣ имкон пайдо мекунад”, – илова кард муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.