Буҷети Тоҷикистон 82 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 5,1% ё худ ба маблағи 930 млн сомонӣ (82 млн доллар) барзиёд иҷро шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Ба ҷои 17 млрд 252 млн сомонии пешбинишуда ба "ҳамёни асосӣ"-и кишвар 18 млрд 182 сомонӣ (1,6 млрд доллар) ворид шуд. Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет, […]

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 5,1% ё худ ба маблағи 930 млн сомонӣ (82 млн доллар) барзиёд иҷро шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ба ҷои 17 млрд 252 млн сомонии пешбинишуда ба "ҳамёни асосӣ"-и кишвар 18 млрд 182 сомонӣ (1,6 млрд доллар) ворид шуд.

Барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷет, пеш аз ҳама афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва аксизҳо маънидод мешавад. Аз ҳисоби воридот аз андоз имсол ҳудуди 72%-и қимати даромади буҷет таъмин шуд.

Ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳо тайи даҳ соли охир ба ҳисоби миёна 68%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир иҷрои нақшаи пешбинишудаи буҷети ҷумҳурӣ мунтазам таъмин намешуд ва маблағҳои камбуд аз даромад маъмулан охири сол аз ҳисоби кумакҳои шарикони байнулмилалии кишвар оид ба рушд рӯйпӯш карда мешуданд.

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 млрд сомонӣ (2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,6 млрд сомонӣ (141 млн доллар) зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми даромадро аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ дар сатҳи 6,1% Кумитаи андоз ба дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ, инчунин таъмини рушди воқеии иқтисод таъсиси ҷойҳои нави корӣ рабт медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.