Шаҳрдорӣ: МБГ-ҳои пойтахт ба мавсими гармидиҳӣ пурра омодаанд

Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и шаҳри Душанбе ба мавсими гармидиҳӣ пурра омода буда, дар иншоот ҳамаи корҳои таъмир ба охир расидааст ва барои МБГ-2 миқдори зарурии ангишт захира шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори МБГ Душанбе Умаралӣ Ниёзов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ҳоло барвақт аст, зеро тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и шаҳри Душанбе ба мавсими гармидиҳӣ пурра омода буда, дар иншоот ҳамаи корҳои таъмир ба охир расидааст ва барои МБГ-2 миқдори зарурии ангишт захира шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори МБГ Душанбе Умаралӣ Ниёзов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ҳоло барвақт аст, зеро тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, ояндаи наздик дар шаҳр обуҳавои гарм боқӣ мемонад.

“Дар мавсими имсолаи гармидиҳӣ ба 2 ҳазору 765 иншоот дар пойтахт гармӣ дода мешавад, ки дар муқоиса бо мавсими соли гузашта 254 иншоот зиёдтар аст”, – иброз дошт Ниёзов.

Қобили зикр аст, ки мавсими гармидиҳии соли гузашта охири даҳаи аввали моҳи октябр оғоз гардида, аввали моҳи апрел ба поён расид.

Ёдрас мекунем, ки ба иншооти Душанбе аз ду Маркази барқу гармидиҳӣ – МБГ Душанбе ва МБГ “Душанбе-2”, ки соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар баробари гармӣ инчунин то 9 млн кВт/соат барқ истеҳсол мекунад, гармӣ интиқол меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.