Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар кард. Тибқи иттилои хадамоти мутбуотии президент, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти […]

Баҳманёр Надиров

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар кард.

Тибқи иттилои хадамоти мутбуотии президент, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Белгия мулоқот кунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, мавзӯи асосии музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо мушкилоти Афғонистон хоҳад буд.

Аз ҷумла, интизор меравад, ки таҳдидҳо ва чолишҳои баваҷудомада ба ҳамсояҳо, расонидани кӯмаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, баррасӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон бо даъвати роҳбари Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел ба Брюссел сафар намудааст. Эмомалӣ Раҳмон ва Чарлз Мишел рӯзи 26 август дар бораи вазъи Афғонистон сӯҳбат карда буданд.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми октябр ба Париж равад ва дар онҷо бо раисҷумҳури Фаронса Эманнуэл Макрон мулоқот кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.