Дар Душанбе Хонаи савдои “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” боз шуд

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 октябр маросими ифтитоҳи Хонаи савдои “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” доир гардид. Дар ин маросим сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва мудири кулли ширкати сармоягузории “Ориён Инвест” Саидисматулло Валиев иштирок карданд. Меҳмононро намояндагони Хонаи савдо – мудири кулл Дилшодбек Музаффаров ва мудир Боҳир Мӯсоев пешвоз гирифтанд. Ҳадаф аз ифтитоҳи Хонаи савдо […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 октябр маросими ифтитоҳи Хонаи савдои “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” доир гардид.

Дар ин маросим сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва мудири кулли ширкати сармоягузории “Ориён Инвест” Саидисматулло Валиев иштирок карданд.

Меҳмононро намояндагони Хонаи савдо – мудири кулл Дилшодбек Музаффаров ва мудир Боҳир Мӯсоев пешвоз гирифтанд.

Ҳадаф аз ифтитоҳи Хонаи савдо фароҳам овардани як қатор шароитҳои қулай барои соҳибкорон, аз ҷумла кумаки амалӣ дар дарёфти харидорони нав тариқи рекламаи маҳсулот ва навъҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо мақсади тавсеъаи минбаъдаи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Ӯзбекистон мебошад.

Дар ин ҷо савдои яклухти номгӯи васеи молу маҳсулоти гуногуни истеҳсоли Ӯзбекистон: масолеҳи сохтмон, мебели мулоиму кӯдакона ва барои ошхона, маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин содирот ва воридоти молу маҳсулоти зарурӣ барои дигар соҳаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ҳамчунин Хонаи савдо ба сифати майдони баргузории намоишгоҳ ва ярмаркаҳои маҳсулоти гуногуни истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон истифода шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.