Кормандони милитсияи пойтахт зимни амалиёти “Тартибот” дар давоми як рӯз 25 ҳолати майдаавбоширо ошкор карданд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар ҷараёни амалиёти мазкур 16 ҳолати вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо, 2 ҳолат дар ошхона ва 7 ҳолати муноқишаи оилавӣ муайян карда шуд.
“Вобаста ба ҳолатҳои мазкур 9 нафар бо қарори суд ҷаримабандӣ шуда, 8 ҳолати дигар дар баррасӣ қарор доранд. Ҳамзамон нисбат ба 7 нафар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ кирдори онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ бандубаст ва нисбаташон бо қарорҳои дахлдори мақомоти судӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯзӣ татбиқ гардид. Онҳо ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд”, – хабар додааст РВКД.
Манбаъ иброз медорад, ки амалиёти мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифату одоби шаҳрнишинии ҷавонону наврасон роҳандозӣ шудааст.
“Мушоҳидаҳо дар ҷараёни баргузории амалиёти профилактикӣ нишон медиҳанд, ки дур мондани баъзе аз ҷавонон аз таҳсили илму дониш, тақлиди кӯркӯрона ба фарҳанги бегона ва худнамоию ҳавобаландии онҳо боиси костагии одоби ин тоифа шаҳрвандон шудааст. Дар натиҷа онҳо даст ба содир кардани ҳар гуна амалу кирдори ношоям ва иброз доштани суханони таҳқиромезу дашномҳои қабеҳ мезананд. Махсусан, ҳодисаи нангин он аст, ки баъзе аз ҷавонон нисбат ба модарону хоҳарон ҳақорату дашном ва суханони носазо гуфта, шаъну шарафи онҳоро дар назди атрофиён паст мезананд”, – изҳори нигаронӣ кардаанд намояндагони мақомоти қудратӣ.
Гуфта мешавад, ки маҳз ба хотири ба эътидол овардани ин вазъ кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар байни ҷавонону наврасон, дар маконҳои ҷамъшавии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ корҳои профилактикӣ ва рейду амалиёти санҷиширо тақвият додаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.