Боздиди сафири Русия аз майдони сохтмони мактабҳои Русия дар Душанбе ва Турсунзода

Date:

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳамроҳи намояндагони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) аз майдони сохтмони ду мактабе, ки аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода сохта мешавад, боздид намуд.

Фармоишгари татбиқи лоиҳаи бузургмиқёси мазкур бо супориши ҳукумати Русия Бонки авруосиёии рушд ва паймонкори кулли лоиҳа – «ЗАРУБЕЖДИПСТРОЙ» мебошанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии дипломатии Русия.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



“Аз ҷараёни корҳо қаноатмандем. Др назар дорем, ки сохтмони мактабҳо тибқи ҷадвал – то 1 сентябри соли 2022 ба охир мерасад”, – иброз доштааст сафир.

Сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия ташаббуси муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия аст.

Чунин мактабҳо дар 5 шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.

Дар ҳар кадоме аз ин мактабҳо барои таҳсили зиёда аз 1200 нафар хонандагон шароит фароҳам оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...