Дар Тоҷикистон ҳаво якбора хунук мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 21-22 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ бошиддат борон меборад (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон бо гузариш ба барф). Дар […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 21-22 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар аст.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ бошиддат борон меборад (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон бо гузариш ба барф).

Дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 21-22 октябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд, Ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с, ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ – тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Рӯзҳои 22-23 октябр ҳарорат рӯзона7-12 дараҷа поин меравад.

Дар ин робита КҲФ бо назардошти сардиҳо, ба сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ муроҷиат намуда, аз онҳо дархост кардааст, ки ҳарчи зудтар ҳосили пухтаро ҷамъ оранд ва ҳосили ҳоло нопухтаро бо плёнка пӯшонанд.

Дар вақти шиддатёбии вазиши шамол Кумита худдорӣ аз баромадан ба берун аз биноро тавсия медиҳад. Назорат ва нигоҳубини доимии кӯдакон муҳим аст.

Зимни ҳаракат дар роҳҳои минтақаи кӯҳистон ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки фосила ва суръати иҷозашударо қатъиян риоя намоянд, зеро фаромадани сангреза аз эҳтимол дур нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.