Сафири нави Беларус дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 21 октябр сафири тозатаъини Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт. Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот маросими супоридани нусхаҳои эътимоднома аз ҷониби сафири Беларус ба вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт. Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 21 октябр сафири тозатаъини Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот маросими супоридани нусхаҳои эътимоднома аз ҷониби сафири Беларус ба вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Виктор Денисенко дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади боз ҳам густариш додани робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус муваффақият орзу кард.

Ёдрас мекунем, ки 21 сентябр Александр Лукашенко, президенти Беларус Виктор Денисенкоро сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин кард. То таъинот ба ин мансаб ӯ ба ҳайси муовини сардори Сарраёсат – сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Сарраёсати Русия, кишварҳои ИДМ ва ҳамгиройии авруосиёии ВКХ Беларус кор мекард.

Пеш аз Денисенко вазифаи сафирии Беларус дар Тоҷикистонро Олег Иванов бар уҳда дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.