Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2022 баррасӣ кард

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 октябр маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2022” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти мамлакат зимни таҳлили […]

Asia-Plus

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 октябр маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2022” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат зимни таҳлили масъалаи мазкур таъкид дошт, ки буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД-19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 32,8 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 ба маблағи 5,1 млрд сомонӣ ё худ 18,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 5,3 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ин тариқ, каср (фарқияти даромаду хароҷот)-и буҷет 600 млн сомониро ташкл хоҳад дод.

Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба ин соҳаҳо равона кардани 14,6 млрд сомониро пешбинӣ намудааст, ки он 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат вобаста ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла вазъи ҷаҳони имрӯза, мавҷҳои навбатии пандемияи бемории КОВИД-19 ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурд, ки дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ҳукумат ҳамоҳангсозӣ ва таъмин намудани мутавозинии татбиқи сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.

Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барномаву нақшаҳои қабулнамудаи ҳукумати мамлакат бояд сари вақт, пурра ва сифатнок иҷро карда шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои иҷроиши босифати буҷет ҷиҳати баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Сарвари давлат зикр кард, ки уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ, сари вақт ва пурра таъмин гардад.

Гуфта мешавад, барои таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пурра таъмин карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.