Лавров даъват кард, ки аз “паҳншавӣ”-и таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон пешгирӣ шавад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар барномаи шабакаи телевизиони “Россия 24” даъват кард, ки аз “паҳншавӣ”-и таҳдидҳои террористӣ ва маводи нашъаовар аз Афғонистон пешгирӣ шавад, иқтибос овардааст гуфтаҳои ӯро хабаргузории РИА Новости. Вазир таъкид таъкид дошт, ки ин гуна таҳдидҳоро дар дохили кишвар бартараф кардан лозим аст, то ки вазъият дар кишварҳои ҳамсоя ноамну […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар барномаи шабакаи телевизиони “Россия 24” даъват кард, ки аз “паҳншавӣ”-и таҳдидҳои террористӣ ва маводи нашъаовар аз Афғонистон пешгирӣ шавад, иқтибос овардааст гуфтаҳои ӯро хабаргузории РИА Новости.

Вазир таъкид таъкид дошт, ки ин гуна таҳдидҳоро дар дохили кишвар бартараф кардан лозим аст, то ки вазъият дар кишварҳои ҳамсоя ноамну бесубот нашавад, чунки субот дар ин кишварҳо барои Русия хеле муҳим мебошад.

“Зеро бо кишварҳои иттифоқчии Осиёи Марказӣ мо ҳеҷ гуна сарҳад надорем, қариб бо ҳамаашон реҷаи бе раводид ҷорӣ аст”, – ишора кардааст Лавров.

Қаблан толибон аз кишварҳои узви G20 (“Бистгонаи бузург”) тақозо намуданд, ки 1,2 млрд доллари дар ҷаласаи “Бистгонаи бузург” ваъдашударо ҷудо кунанд. Дар ин бора намояндаи дафтари толибон дар Қатар Муҳаммад Соҳил Шоҳин изҳори назар карда буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст