Толибон муомилоти пули хориҷӣ дар Афғонистонро манъ карданд

Date:

Толибон истифода аз арз ё пулҳои хориҷиро дар бозорҳои Афғонистон манъ карданд. Тибиқ иттилои шабакаи Tolonews мақомҳои Толибон аз тамоми тоҷирон ва дӯкондорон дар ин кишвар хостаанд, ки дар тиҷоратҳои рӯзонаашон танҳо аз пули афғонӣ истифода кунанд. 

Толибон ба ин иқдом дар ҳоле даст задаанд, ки то ин вақт асъори хориҷӣ дар ин кишвар бидуни мамониат дар гардиш буд. Ҳатто дар нуқтаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пули ин кишварҳои ҳамсоя нисбат ба афғонӣ бештар дар гардиш буд.

Аз ҷумла дар манотиқи ҳаммарз бо Покистону  Эрон пули миллии ин кишвар бе мушкил дар бозору дӯконҳо ба кор мерафт.

Ҳатто дар Бадахшони Афғонистон ва дигар минтақаҳҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон сомонӣ низ дар бозорҳо пазируфта мешуд. 

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар вокуниш ба ин иқдом гуфтаанд, ки ин амалкард иқтисодӣ бе ин ҳам дар ҳоли фурӯпошии Афғонистонро варшикастатар мекунад.

Аммо "Толибон" дар баёнияе, ки барои расонаҳо фиристодаанд, гуфта мешавад "шароити иқтисодӣ ва манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки ҳамаи афғонҳо дар додуситадҳои рӯзонаи худ аз пули миллӣ истифода кунанд".

Толибон дар садади озодсозии миллиардҳо доллар аз захираҳои Бонки марказии Афғонистон аст. Дар ҳоли ҳозир ин кишвар бо буҳрони пули нақд, хушксолии густурда ва мавҷи нави муҳоҷират рӯбару аст.

Афғонистон миллиардҳо доллар дороӣ дар хориҷ, аз ҷумла Бонки марказии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дорад, аммо аз замони сарнагунии ҳукумати пешин ба дасти Толибон, дороиҳои онҳо блок шудааст.

Аз чор се ҳиссаи хароҷоти Афғонистонро Амрико ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ таъмин мекарданд ва бо хуруҷи онҳо аз Афғонистон, ҳамаи ин кумакҳо қатъ шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...