Дар радабандии донистани забони англисӣ Тоҷикистон зинаи 103-юмро касб кард

Дар радабандии ҷаҳонии донистани забони англисӣ Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Мувофиқи маълумоти Индекси донистани забони англисӣ (EF English Proficiency Index) миёни 112 кишвари фарогир дар рейтинг Тоҷикистон мақоми 103-юмро ишғол намудааст. Қобили зикр аст, ки соли 2020 Тоҷикистон дар мақоми 100-ум ҷойгир буд. Дар рейтинг ҷумҳурӣ ба сафи кишварҳое […]

Asia-Plus

Дар радабандии ҷаҳонии донистани забони англисӣ Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти Индекси донистани забони англисӣ (EF English Proficiency Index) миёни 112 кишвари фарогир дар рейтинг Тоҷикистон мақоми 103-юмро ишғол намудааст. Қобили зикр аст, ки соли 2020 Тоҷикистон дар мақоми 100-ум ҷойгир буд.

Дар рейтинг ҷумҳурӣ ба сафи кишварҳое шомил аст, ки дар онҳо сатҳи донистани забони анлисӣ “хеле паст” арзёбӣ мешавад. Ба ин гурӯҳ Ӯзбекистон – зинаи 88-ум, Қазоқистон – 96-ум ва Қирғизистон – 101-ум низ шомиланд.

Боз як кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ – Туркманистон дар радабандӣ зикр нашудааст.

Дар зинаҳои аввали радабандии мазкур давлатҳои Нидерланд, Австрия ва Дания қарор доранд.

Забони англисӣ забони дуюми бештар мавриди омӯзиши густарда дар ҷаҳон аст. Дар Индекси EF English Proficiency Index (EF EPI) сатҳи дониши забони англисӣ байни аҳолии калонсол санҷида шуда, пурсиши ҳамаҷониба оид ба муайян кардани сатҳи азхудкуниии забони англисӣ ба шумор меравад. Радабандии кишварҳо ҳамасола нашр шуда, нишондиҳандаи муҳими байнулмилалии донистани забони англисӣ байни аҳолии калонсол маҳсуб меёбад.

Дар гузоришҳо оид ба индекси мазкур камбудиҳои асосӣ муайян шуда, стратегияҳои бештар муассир барои беҳбуди сатҳи донистани забони англисӣ зикр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?