Барф ҳаракати нақлиётро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд каме маҳдуд кард

Бар асари барфи дирӯза ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд каме маҳдуд шуд. Тавре филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS) хабар медиҳад, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар автомобилҳо, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор маҳдудият (аз як то се соат) ҷорӣ шуда […]

Asia-Plus

Бар асари барфи дирӯза ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд каме маҳдуд шуд.

Тавре филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS) хабар медиҳад, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар автомобилҳо, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор маҳдудият (аз як то се соат) ҷорӣ шуда буд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан баҳри бартараф намудани оқибатҳои боридани барф маҳдуд шуда буд.

Гуфта мешавад, айни замон бо талошу заҳматҳои коргарони "IRS"  роҳи автомобилгарди Душанбе  – Чанок кушода буда, ҳаракати тамоми навъи нақлиёт имконпазир аст.

Ширкат ба ронандагони тавсия додааст, ки пеш аз сафар воситаи нақлиёти худро ба муқаррароти мавсими сармо мутобиқ намуда, ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Рӯзи чоршанбе, 17 ноябр дар қисмати маркази Тоҷикистон барфи аввал борида, дар кори фурудгоҳҳои кишвар низ як қатор мушкилӣ пеш омад.

Қобили зикр аст, ки обуҳавои сард то рӯзҳои истироҳат давом карда, барф  боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, дар роҳҳо ҳам аз хавфу хатар эҳтиёт мебояд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.