Баррасии вазъи Афғонистон дар Душанбе аз сӯйи вазирони хориҷаи ИА ва Осиёи Марказӣ

Дар Душанбе имрӯз дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар баробари мавзуъоти дигар, вазъи Афғонистон низ баррасӣ мешавад. Ҳамчунин бархе аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар низ аз ИА хостаанд, ки нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад.  Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои баррасси масоил ба […]

Asia-Plus

Дар Душанбе имрӯз дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар баробари мавзуъоти дигар, вазъи Афғонистон низ баррасӣ мешавад. Ҳамчунин бархе аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар низ аз ИА хостаанд, ки нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад. 

Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои баррасси масоил ба Душанбе омадааст.

Ин 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, Ҷозеф Боррел имрӯз бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мулоқот хоҳад кард.

Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шароите баргузор мешавад, ки нигарониҳо аз вазъи тағйирёбанда дар Афғонистон бештар мешавад. Дар ҳамин ҳол, созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) мақараш дар Ню-Йорк аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро барои поён додан ба нақзи ҳуқуқи башар ва анҷоми ислоҳот таҳти фишор қарор бидиҳад.

Ҳуг Виллигсон, масъули ин созмон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар баёнияе гуфтааст, ки "бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар вокунишҳои ҷаҳонӣ ба буҳрони Афғонистон нақши муҳиме мебозанд, аммо нигарониҳо аз нақзи ҳуқуқи башар дар дохили ин кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад".

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.