Ордени Шӯрои олимпии Осиё ба котиби Кумитаи олимпии Тоҷикистон

Муҳамадшоҳ Абудлозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба дарёфти ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) мушарраф шудааст.  Бино ба иттилои КМО Тоҷикистон, дар 40-умин Маҷмааи кулли ОСА, ки 21 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, МуҳаммадшомАбдуллозода дар баробари собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Лубнон генерал Суҳайл Хурӣ ва президенти Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван […]

Муҳамадшоҳ Абудлозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба дарёфти ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) мушарраф шудааст. 

Бино ба иттилои КМО Тоҷикистон, дар 40-умин Маҷмааи кулли ОСА, ки 21 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, МуҳаммадшомАбдуллозода дар баробари собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Лубнон генерал Суҳайл Хурӣ ва президенти Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван Рам Шрестҳа бо ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) сарфароз гардид.

Гуфта мешавад, ки ин сегона аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA Раҷа Рандҳир Сингҳ ва вазири варзиши Аморати Муттаҳидаи Араб, доктор Аҳмад Абдулло Ҳумайд Абдулло Белҳул барои хизматҳои бебаҳояшон дар рушди варзиши қора қадрдонӣ шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллозода аз соли 1993 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба унвони тарҷумон (то соли 1998), сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (1998-2003), иҷрокунандаи вазифаи котиби генералӣ (2003-2005), директори генералӣ (2005-2009), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (2009-2013) ва директори генералӣ (то январи 2017) кор кардааст.

Дар Маҷмааи кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2017 бо пешниҳоди президенти Кумита, Эмомалӣ Раҳмон котиби генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.