Ба беш аз 180 ҳазор сокини Хуҷанд оби тозаи нӯшокӣ дастрас шуд

Дар пойгоҳи асосии обкашии шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру барқарор ва навсозӣ ба охир расиданд. Акнун ба наздикӣ зиёда аз 180 ҳазор нафар сокинони шаҳр мунтазам ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, маросими анҷоми корҳо бо иштироки муовини […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар пойгоҳи асосии обкашии шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру барқарор ва навсозӣ ба охир расиданд. Акнун ба наздикӣ зиёда аз 180 ҳазор нафар сокинони шаҳр мунтазам ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, маросими анҷоми корҳо бо иштироки муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Рика Иши, инчунин муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария (SECO) дар Тоҷикитсон Ричард Ченевард баргузор шуд.

Маблағи зарурӣ барои амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру таҷдид аз ҷониби БАТР ва ҳукумати Швейтсария ҷудо карда шуд.

“Ин аввалин лоиҳаи комилан анҷомёфтаи БАТР дар зерсохтори як шаҳри Тоҷикистон мебошад”, – илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.