Ҳабси абад: ҳукми додгоҳи Хатлон алайҳи шахсе, ки духтараки 9-соларо дар Хуросон таҷовуз ва қатл карда буд

Додгоҳи вилояти Хатлон қотили духтураки 9-сола  дар ноҳияи Хуросон Рустам Болтахоновро ба ҳабси абад маҳкум кард. Шамсулло Яҳёзода мушовири раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, раискунандаи ин муроифа ба “Asia-Plus” хабар дод, ки имрӯз 23-юми  ноябри соли 2021 додгоҳ ҳукми Рустам Болтахоновро эълон кард. “Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи Рустам Болтахонов дар таҷовуз ва куштори духтари ноболиғ сокини […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додгоҳи вилояти Хатлон қотили духтураки 9-сола  дар ноҳияи Хуросон Рустам Болтахоновро ба ҳабси абад маҳкум кард. Шамсулло Яҳёзода мушовири раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, раискунандаи ин муроифа ба “Asia-Plus” хабар дод, ки имрӯз 23-юми  ноябри соли 2021 додгоҳ ҳукми Рустам Болтахоновро эълон кард.

“Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи Рустам Болтахонов дар таҷовуз ва куштори духтари ноболиғ сокини ноҳияи Хуросон бо се модаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 104 (одамкушӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 139 (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) исботи худро ёфт. Додгоҳ бо ин се модда Рустам Болтахоновро гунаҳкор дониста, бо маҷмуъи ҷазоҳо ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Баъди қувваи қонуни гирифтани ҳукми додгоҳ Рустам Болтахонов ба муассисаи ислоҳии  низомаш махсус фиристода хоҳад шуд”,- гуфт Яҳёзода.

Ба гуфти манбаъ тарафҳо метавонанд дар муҳлати муайянкардаи қонун аз болои ҳукми додгоҳ вилояти Хатлон шикоят кунанд.

Ин парванда чанд моҳ буд, ки Додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ мешуд.

Ёдрас мекунем, ки  нимаи рӯзи 16-уми август, вақте М.Б., духтари 9-сола аз роҳ мегузаштааст, Рустам Болтахонов, сокини деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ӯро бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, ба номусаш таҷовуз мекунад.

Баъдан вақте духтарча мегӯяд, ки аз ин ҳодиса ба модараш хабар медиҳад, ӯро бо роҳи буғӣ кардан мекушад.

Баъди содир кардани ҷиноят, Болтахонов ҷасади М.Б -ро то вақти торик шудан пинҳон карда, баъдан ба ҷӯйбори наздики хонаашон бурда мепартояд.

Наздикони марҳум, баъди чанд дақиқаи бедарак шудани кӯдак ба ҷустуҷӯ шуруъ мекунанд, вале бе натиҷа. Баъдан оиди бедарак шудани кӯдак ба милиса хабар медиҳанд. Шабона ба гурӯҳи ҷустуҷӯгар муясар мешавад, ки ҷасади ноболиғро аз ҷӯйбор пайдо кунанд.

Вақте мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовузро мушоҳида мекунанд ба ҷустуҷӯйи қотил шуруъ мекунанд. Ҳангоми ҷустуҷӯ, аз наздикии хонаи Рустам Болтахонов як гӯшвораи ноболиғ ва баъзе чизҳои дигараш пайдо мешавад. Гуруҳи тафтишотиву ҷустҷӯйӣ Рустам Болтахоновро ҳамчун гумонбар пурсиш мекунанд, ки дар аввалин пурсиш ба содир кардани ин ҷиноят иқрор мешавад.

Ба гуфтаи як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбаршуда шояд ин ҷиноятро пешакӣ тарҳрезӣ карда будааст, чунки баъдан маълум мешавад, ки ӯ пеш аз ин ҳодиса ҳам ба духтар мева ва шириниҳо медодааст.

Ҳамон рӯзи 16 август, ҳамсараш дар хона набуда, бо кӯдакон ба хонаи волидони худ меҳмонӣ рафтааст. Рустам Болтахонов аз ин истифода бурда, ба ҷинояти нангин даст задааст. Рустам Болтахонов падари се фарзанд буда, қаблан барои куштор дар Русия ба муҳлати 7 сол зиндонӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.