Қурби рубл дар баробари пули тоҷикӣ хеле поин рафт

Қурби расмии рубли Русия нисбат ба пули тоҷикӣ тайи рӯзҳои ахир ба андозаи қариб 1,8% поин рафт. Мувофиқи қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқарраршуда, 23 ноябр 1 ҳазор рубли русӣ 150,6 сомонӣ ва як рӯз пеш – 153,3 сомонӣ нарх дошт. Тамоили беқурбшавии рубли русӣ нисбат ба сомонӣ муддати ду ҳафтаи ахир […]

Қурби расмии рубли Русия нисбат ба пули тоҷикӣ тайи рӯзҳои ахир ба андозаи қариб 1,8% поин рафт.

Мувофиқи қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқарраршуда, 23 ноябр 1 ҳазор рубли русӣ 150,6 сомонӣ ва як рӯз пеш – 153,3 сомонӣ нарх дошт.

Тамоили беқурбшавии рубли русӣ нисбат ба сомонӣ муддати ду ҳафтаи ахир ба мушоҳида мерасад. Дар ин давра асъори Русия дар баробари арзи миллии Тоҷикистон 5,3% -аз 159,1 сомонӣ барои 1 ҳазор рубл беқурб шуд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар ин давра тақрибан бетағйир боқӣ мемонад – 11,29 сомонӣ барои 1 доллар.

Қурби расмӣ – қурби миёнвазни ғайринақди мубодилаи асъор дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мебошад.

Дар Русия қурби доллар боло меравад

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, аз 22 октябр то 22 ноябр қурби доллар аз 70 рубл то ба 73 рубл боло рафт.

“Сабаб – буҳрони муҳоҷират дар Беларус, инчунин маҳдудиятҳои нави марбут ба коронавирус дар Аврупо мебошанд, ки ба поинравии нархи нафт боис гардиданд”, – менависад нашрияи “Коммерсантъ”.

Тайи чор ҳафтаи ахир нархи нафт поин рафта, чанде пеш, рӯзи 22 ноябр бори нахуст аз 1 октябр то сатҳи 78 доллар кам шуд.

Қобили зикр аст, ки то 90%-и интиқоли пул ба Тоҷикистон бо рубли Русия сурат мегирад, ки тибқи иттилои манобеи мухталиф, беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Бо дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 интиқоли маблағ бо рубл танҳо бо асъори миллӣ пас аз мубодилаи он бо назардошти  қурб дар ҳамон рӯз дода мешавад.

Қабулкунандагони ин маблағҳо оилаҳои муҳоҷирони тоҷик мебошанд, ки бо беқурбшавии рубл нисбат ба сомонӣ, қисмате аз даромади худро аз даст медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.