ИА аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост аз муҳоҷирон истифодаи сиёсӣ накунанд

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл аз ҳамсояҳои шимолии Афғонистон даъват кард, то дар пешгирӣ аз амали ба қавли ӯ,  монанд ба "суистифодаи муҳоҷирон бо мақсадҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти Беларус" кумак кунанд. Ин изҳороти вай зимни нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ […]

Asia-Plus

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл аз ҳамсояҳои шимолии Афғонистон даъват кард, то дар пешгирӣ аз амали ба қавли ӯ,  монанд ба "суистифодаи муҳоҷирон бо мақсадҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти Беларус" кумак кунанд. Ин изҳороти вай зимни нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе садо дод, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана.

Жозеп Боррелл ва комиссар оид ба шарикии байнулмилалӣ Ютта Урпилайнен дар Душанбе бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дидора гуфтушунид карданд.

“Ман ба вазирон аз вазъи сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо бо Беларус маълумот дода, аз онҳо дархост намудам, ки дар пешгирии чунин воситаи истифодаи одамон бо хатари ҷонашон ба онҳо кумак кунанд: яъне чун Беларус, ки мардумро фиреб дода, онҳоро муътақид месозад, ки бо парвоз тариқи Минск роҳ ба Аврупо боз мешавад, рафтор накунанд”, – изҳор доштааст Жозеп Боррелл дар брифинг.

Урпилайнен зимни суханронӣ гуфтааст, ба собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ бастаи асноди Иттиҳоди Аврупоро оид ба дастгирии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд евро муаррифӣ кардааст, ки қариб нисфи он амалан барои кишварҳои ҳамсоя пешбинӣ шудааст.

Аммо дар бораи интизориҳои Брюссел бобати ба ивази кумаки молиявӣ аз ҷониби кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пазируфтани паноҳандагон аз ин кишвар чизе гуфта нашуд. Мақомоти ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар мавриди ин масъала то ҳол ягон омодагии махсусро баён накардаанд.

Дар баёнияи муштарак иштирокчиёни нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарурати фаъолсозии ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва мубориза бо вуруди ғайриқонунии онҳоро таъкид сохтанд.

Дар мавриди сарҳади Беларус бо Лаҳистон (Полша) зикр кардан бамаврид аст, ки ин мушкилот аввали моҳи ноябр рӯйи кор омад. Мақомоти Беларус ба ҳазорон гурезаҳо аз кишварҳои гуногуни ноамн, аз қабили Ироқу Сурия, Афғонистон ва ғайра имкон доданд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.