Дар Бохтар додситон хостааст, ки як вакили дифоъ боз барои 7 соли дигар зиндонӣ шавад

Саиднуриддин Шамсиддинов вакили мудофееро, ки ҳоло дар зиндон аст ва дар гузашта ба унвони судиҷрочӣ ҳам кор кардааст, 7 соли дигари зиндон таҳдиди мекунад. Додситони шаҳри Бохтар дар ҷаласаи ахири додгоҳӣ хостааст, ки ба ӯро барои 7 соли дигар ҳам ҳабс кунанд. Шамсиддинов соли гузашта бо гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ […]

Саиднуриддин Шамсиддинов вакили мудофееро, ки ҳоло дар зиндон аст ва дар гузашта ба унвони судиҷрочӣ ҳам кор кардааст, 7 соли дигари зиндон таҳдиди мекунад. Додситони шаҳри Бохтар дар ҷаласаи ахири додгоҳӣ хостааст, ки ба ӯро барои 7 соли дигар ҳам ҳабс кунанд.

Шамсиддинов соли гузашта бо гуноҳи хариду фурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ 8,5 сол равонаи зиндон карда буданд. 

Ҳоло мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо "гуруҳҳои ифротгаро" гумонбар медонанд. Шамсиддинов дар гузашта бо имзои  Саиди Садр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори баъзе додситону додрасҳо шикоят мекард.

Радиои "Озодӣ" бо ткя ба як манбааш дар Додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 22-юми ноябр хабар додааст, додситон рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр, Шамсиддиновро бар асоси парвандаи нав ба ҳамкорӣ бо созмони дар кишвар мамнӯи "Гуруҳи 24" гунаҳкор донистааст. Аммо бино ба иттилои "Озодӣ" масъулони "Гуруҳи 24" моҳи июни имсол дар эъломияе ҳамкорӣ ё робита доштани вакилу судиҷрочии собиқро бо созмон рад карда буданд.

Худи Шамсиддинов ва наздиконаш парвандаҳоро алайҳи ӯ иттиҳом медонанд ва дар чандин муроҷиат аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки қазияи ӯро таҳти назорат бигиранд ва нагузорад, ки қурбони беадолатӣ шавад. 

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, гуфтааст, ки дар мурофиа ҳузур дошт, аммо пешниҳоди онҳо дар мавриди иштироки хабарнигорон ва гузоштани дастгоҳи наворбардорӣ қабул нашуд.

"Навори кумакхоҳии Саиднуриддин аз президент ва раиси Маҷлиси Миллӣ барои одилона баррасӣ шудани парвандааш хашми додситонро бештар кард. Вай бо садои баланд гуфт, "ту чӣ ҳақ дорӣ, ки навор пахш карда, кумак пурсӣ?" Баъд аз ин, ба ҳамкорӣ бо "Паймони миллӣ" ҳам муттаҳам кард ва аз додрас хост, ҷазо диҳад," — нақл қавл кардааст "Озодӣ" аз забони Қамариддин Шамсиддинов.

Навори кумакхоҳии Саиднуриддин Шамсиддинов аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Миллӣ рӯзи 19-уми ноябр  ва навори ҳамсараш рӯзи 22-юми ноябр дар Интернет ба гардиш даромад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

С

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.