Яке аз кӯҳансолтарин занони дунё вафот кард

Зани сокини Филиппин Франсиска Сусано, ки куҳансолтарин сокини дунё дониста мешуд, шоми 22 ноябр дар синни 124-солагӣ вафот кард, хабар дода мешавад дар саҳифаи расмии ҳукумати шаҳри Кабанкалан дар Facebook. Тавре ки РБК хабар медиҳад, зан дар ҳамин шаҳр иқомат дошт. Дар ҳукумати Кабанкалан итминон додаанд, ки мақоми куҳансолтарин зани Сайёра будани ӯ дар Китоби […]

Зани сокини Филиппин Франсиска Сусано, ки куҳансолтарин сокини дунё дониста мешуд, шоми 22 ноябр дар синни 124-солагӣ вафот кард, хабар дода мешавад дар саҳифаи расмии ҳукумати шаҳри Кабанкалан дар Facebook. Тавре ки РБК хабар медиҳад, зан дар ҳамин шаҳр иқомат дошт.

Дар ҳукумати Кабанкалан итминон додаанд, ки мақоми куҳансолтарин зани Сайёра будани ӯ дар Китоби рекордҳои Гиннесс тасдиқ шудааст. Дар ҳамин ҳол, CNN менависад, вақте ки Сусано ҷашни 124-солагии худро таҷлил мекардааст, намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесс то ҳол маълумотро дар бораи рӯзу соли таваллуди ӯ месанҷидаанд.

Ҷонатан, абераи Сусано хабар додааст, ки вақти марг дар ӯ аломатҳои беморӣ мушоҳида нашудааст, менависад хабаргузории PNA. Афсари масъули робита бо ҷомеаи Кабанкалан ба CNN Philippinnes гуфтааст, дар фавтида аломатҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19 набуд, вале ба ҳар ҳол, табибон дар ин маврид ҷасади ӯро боз ташхис мекунанд.

Ба иттилои мақомоти Филиппин, Франсико Сусано соли 1897 таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз дар давроне зиндагӣ кардааст, ки кишвар таҳти ҳукмронии Испания қарор дошт. Соли 1898 Испания ҷазираҳоро ба ихтиёри ИМА супурда, соли 1946 ин давлат комилан соҳибистиқлол шуд. Ӯ ҳамчунин дар замоне зиндагӣ доштааст, ки Британияи Кабир зери салтанати малика Виктория буд, ки соли 1901 ба поён расид.

Сусано соҳиби 14 фарзанд буда, духтари калониаш ҳоло 104 сол дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.