Истеъфои дигари Назарбоев: аз раисии ҳизби ҳокими Қазоқистон ҳам канор рафт

Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон аз мақоми раисии Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и кишвараш ҳам истеъфо дод. Акунун ин ҳизбро президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев  раҳбарӣ мекунад. Укибой Айдос, сухангӯйи Назарбоев гуфтааст, ин тасмими Назарбоев "танҳо идомаи мантиқии интиқоли қудрат дар Қазоқистон аст". "Ба гуфтаи Назарбоев, ҳизби "Нур Отан", бахусус дар ҳоли ҳозир дар шароити буҳрони ҷаҳоние, ки дар пайи […]

Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон аз мақоми раисии Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и кишвараш ҳам истеъфо дод. Акунун ин ҳизбро президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев  раҳбарӣ мекунад.

Укибой Айдос, сухангӯйи Назарбоев гуфтааст, ин тасмими Назарбоев "танҳо идомаи мантиқии интиқоли қудрат дар Қазоқистон аст". "Ба гуфтаи Назарбоев, ҳизби "Нур Отан", бахусус дар ҳоли ҳозир дар шароити буҳрони ҷаҳоние, ки дар пайи пандемияи коронавирус ба миён омадааст, барои президенти Қазоқистон бояд такягоҳи асосӣ бошад", – афзудааст Укибой.

​Назарбоев 19 марти соли 2019, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ дар маҳзари ом ҳозир намешавад. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон буда, ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.