Истеъфои дигари Назарбоев: аз раисии ҳизби ҳокими Қазоқистон ҳам канор рафт

Date:

Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон аз мақоми раисии Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и кишвараш ҳам истеъфо дод. Акунун ин ҳизбро президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев  раҳбарӣ мекунад.

Укибой Айдос, сухангӯйи Назарбоев гуфтааст, ин тасмими Назарбоев "танҳо идомаи мантиқии интиқоли қудрат дар Қазоқистон аст". "Ба гуфтаи Назарбоев, ҳизби "Нур Отан", бахусус дар ҳоли ҳозир дар шароити буҳрони ҷаҳоние, ки дар пайи пандемияи коронавирус ба миён омадааст, барои президенти Қазоқистон бояд такягоҳи асосӣ бошад", – афзудааст Укибой.

​Назарбоев 19 марти соли 2019, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ дар маҳзари ом ҳозир намешавад. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон буда, ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...