Ширкати мобилии ZET-MOBILE дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд расман интернети баландсуръати алоқаи насли панҷум, 5G-ро роҳандозӣ кард. Ин нахустин ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар Хуҷанд интернети насли панҷумро дастрас кард.
Парвиз Махшулов, мудири кулли ширкати мобилии ZET-MOBILE зимни нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, расман санҷиши мукаммали алоқаи насли панҷум, 5G ба сокинони шаҳри Хуҷанд дастрас шуд. Вай афзуд, тамоми дастгоҳҳои зурурии интиқоли мавҷи баландсуръат насб шудааст то сокинон ба интернети баландсуръат таъмин бошанд.
“Нишондодҳо воқеъан чашмгир ҳастанд, суръати интиқоли маълумот дар торнамо ё сайт то 1,2 гигабит дар як сонияро ташкил менамояд. Интизор меравад, ки суръати миёнаи интернет ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварда шавад”,- афзуд, Парвиз Махшулов
Вай мегӯяд, муҳимтарин тафовут байни 5G ва наслҳои қаблӣ дар он аст, ки 5G тавонмандии таъмини маҷрои васеъро дорад ва таъхири пайвастшавӣ ниҳоят паст мебошад. Мисол суръати кории алоқаи насли панҷум то даҳ маротиба зиёдтар аз суръати 4G мебошад. Истифодабарандагон низ метавонистаанд бо интернати насли панҷум сабтҳои видеоиро бидуни таваққуф тамошо кунанд ва ё файлҳои лозимаро дар сонияҳои кӯтоҳтарин боргирӣ кунанд.
Мудири кулли ширкати мобилии ZET-MOBILE бар он бовар аст, ки 5G метавонад фановариҳои ояндаро тавсеа бахшад ва дар рушди соҳаҳои муҳим ва пешрафти иқтисодиёт такони ҷиддие хоҳад дод. Аммо феълан касоне аз интернети насли панҷум фаровон истифода бурда метавонанд, ки ҳушманди замонавии муҷаҳҳаз бо барномаи қабулкунандаи мавҷи 5G-ро соҳиб бошанд.
“Мисол 5G дар ҳалли мушкилоти тиббӣ ба таври фосилавӣ кӯмак хоҳад расонид. Чун табибон метавонанд барои машварат бо ҳамкасбони худ конфронсҳо баргузор намоянд, омӯзгорон барои нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим тавассути шабакаи маҳаллӣ бо суръати баланд тамринҳои мунтазамро пахш кунанд. Инчунин бинобар суръати баланди интиқоли маълумот дар рушди нақлиёти бесарнишин кӯмак хоҳад кард”, – гуфт, мудири кули ширкат.
Ин нахустин пойгоҳи марказии интиқоли мавҷи насли панҷум дар шаҳри Хуҷанд аст, ки феълан ба таври санҷишӣ фаъолият мекунад.
Ин ширкати мобилӣ дар соли 2022 тасмим дорад фазои фарогирии мавҷи насли панҷум ё худ 5G-ро зиёд кунад. Аммо ҳоло ба далели он ки аксарияти аҳолӣ дастгоҳи 5G-ро соҳиб нестанд ба гуфтаи Парвиз Махшулов “аз ҷиҳати тиҷоратӣ ҳам зарурати яку якбора зиёд кардан фоидаовар нест”.
“Барои он ки худи таҷҳизотҳои 5G, ки мо васл мекунем 4-5 баробар аз таҷҳизотҳои 4G гаронтар аст. Муштариёни истифодабарандаи 5G, ки зиёд шуд, мо оҳиста-оҳиста фазои фарогириро зиёд мекунем”, – мегӯяд, ӯ
Ширкати ZET-MOBILE дар вилояти Суғд беш аз 100 000 муштарӣ дорад. Соли ҷорӣ ин ширкат дар 14 шаҳру навоҳии шимолии Тоҷикистон, истгоҳои ҷадиди появӣ бунёд карда, майдони фарогирии интернети мобилии баландсуртаъти 4G-ро васеъ ва тавоноии шабакаро ду маротиба афзоиш додааст.
Гуфта мешавад, имсол сокинони шаҳру навоҳии Бӯстон, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Консой бо интернети баландсуръати мобилии 4G таъмин гардида, 24 пойгоҳҳои мавҷуда азнавсозӣ шудааст. То охири сол ба гуфтаи масъулин 16 мавзеъи нав бо шабакаи 4G фаро гирифта мешавад.
Ин ширкат тасмим дорад то охири соли 2022 бо фановариҳои нав ва насби истгоҳҳои ҷадид интернети манзилии 4G дар вилояти Суғдро то 50% афзоиш диҳад.
Хабарнигорон дар суҳбат бо Парвиз Махшулов дар мавриди сабабҳои паст будани суръати интернет дар Тоҷикистон пурсон шуданд, ки сари чанд вақт боис ба нигарониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад. Махшулов мегӯяд, ҳоло ин мушкил дар ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ мавҷуд аст. Ӯ сабаби ин мушкилро аз афзоиши шумори истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон медонад, ки пойгоҳҳои интиқоли мавҷи интернети ширкатҳои мобилӣ дар ин кор басанда нест.
“Мушкил дар он нест, ки мо харидории интернетро аз хориҷ кам мекунем ё суръаташро паст мекунем. Асос он аст, ки истифодабарандагон зиёд шудаанд. Бояд пойгоҳҳои интиқоли мавҷи интернетӣ дар ҳамаи ширкатҳои мобилӣ зиёд кард шавад. Мо кӯшиш дорем, ки пойгоҳҳои интиқоли мавҷро зиёд кунем ва то охири соли 2022 ин мушкил аз байн равад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


