Дар Ӯзбекистон харидани кримптовалюта иҷоза шуд

Ӯзбекистон ба шаҳрвандони кишвараш иҷоза дод, ки метавонанд аз биржаҳо криптовалюта ё рамзарзро бихаранд. Вале тиҷорати озодона бо рамзарзҳо танҳо бо сӯм ва аз сӯйи шаҳрвандони Ӯзбекистон иҷозат ҳасту халос. Дар ин бора nuz.uz хабар медиҳад.  Бар асоси тағйироте, ки Ӯзбекистон барои муоимлот ва тиҷорат бо рамзарз ворид кардааст, акнун ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар иҷоза доранд, […]

Ӯзбекистон ба шаҳрвандони кишвараш иҷоза дод, ки метавонанд аз биржаҳо криптовалюта ё рамзарзро бихаранд. Вале тиҷорати озодона бо рамзарзҳо танҳо бо сӯм ва аз сӯйи шаҳрвандони Ӯзбекистон иҷозат ҳасту халос. Дар ин бора nuz.uz хабар медиҳад. 

Бар асоси тағйироте, ки Ӯзбекистон барои муоимлот ва тиҷорат бо рамзарз ворид кардааст, акнун ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар иҷоза доранд, ки бо рамзарзҳо ҳамаи амалётҳоро бо арзи миллӣ анҷом диҳанд. Аммо онҳо ҳақ доранд ба онҳое, ки шаҳрванди ин кишвар нестанд рамзарзҳоро бо арзи хориҷӣ бифурӯшанд. 

Ба ҷуз ин, ҳамчунин мушаххасоти токен (рамзарз) ва амалётҳои марбут ба он, бо шумули нашр, ҷогузорӣ ва сабти номи он мушаххас шудааст. Гуфта шудааст, ки токенҳоро танҳо субъектҳои тиҷоратие, ки сабти номи пешбинишударо барои ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ гузаштаанд, метавонанд интишор диҳанд. 

Ҳамаи рамзарзҳое, ки дар криптобиржаҳои Ӯзбекистон фурӯхта мешаванд, бояд дорои пуштивонаи дороӣ бошанд. Интишору ҷогузории токенҳое, ки пуштивонаи дороияшон таъмин нашудааст, манъ аст.  

Биржаҳои рамзарзҳо муваззафанд, ки ташкилотҳоеро, ки токенҳояшонро онҷо мегузоранд тафтиш кунанд ва пуштивонаи дороиҳои онро бисанҷанд. Ҳамчунин бояд на камтар аз 10%  маблағе, ки барои ҷалб ба нақша гирифта шудааст бояд ба суратҳисоби махсуси биржаҳои рамзарзҳо ворез шаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.