Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ генерал-полковник Рустам Назарзода дар кори Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ-2021 шаҳри Матозинюши Португалия иштирок мекунад. Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, кори Форум имрӯз оғоз гардида, то 26 ноябр идома меёбад. Гуфта мешавад, Форум ба зарурати ҳалли хусусияти системавӣ, ҷамъшаванда ва мураккаби […]

Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ генерал-полковник Рустам Назарзода дар кори Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ-2021 шаҳри Матозинюши Португалия иштирок мекунад.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, кори Форум имрӯз оғоз гардида, то 26 ноябр идома меёбад.

Гуфта мешавад, Форум ба зарурати ҳалли хусусияти системавӣ, ҷамъшаванда ва мураккаби хатарҳо, бахусус дар партави ҳамагирии Ковид-19 ва ҳолати фавқулоддаи иқлимӣ таъкид хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур аз ҷониби Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар ҳамкорӣ бо Идораи миллии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Португалия ва Комиссияи Аврупо ташкил карда шудааст.

“Форум, як механизми муҳими мубориза бо хатари офатҳои табиӣ дар Аврупо, ҳамчун платформа барои ҷонибҳои манфиатдор барои ба дӯш гирифтани масъулияти муштарак ва ӯҳдадориҳои амалӣ ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ хизмат мекунад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамоиш як чорабинии бисёрҷонибаи ҷонибҳои манфиатдор дар рӯҳияи барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҳукуматҳо ва коршиносон дар мавриди таҷрибаҳои андӯхтаи худ ва равишҳои инноватсионии пешгирӣ, коҳиш ва идораи хатарҳои офатҳои табиӣ табодули афкор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.