Сӯхтор дар бузургтарин корхонаи пахтаи Масчоҳ – “Музаффар КО”

Корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ нимашаби имрӯз, 25-уми ноябр, тақрибан соати 02:30 дақиқа оташ гирифта, ба гуфти манбаъҳои “Азия-Плюс” бо гузашти шаш соат ҳанӯз алангаи сӯхтор хомӯш нашудааст. То ҳанӯз далели сӯхтор маълум нест. Як манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Азия-Плюс аз ин корхонаи пахта  ҶДММ “Музаффар КО” […]

Корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ нимашаби имрӯз, 25-уми ноябр, тақрибан соати 02:30 дақиқа оташ гирифта, ба гуфти манбаъҳои “Азия-Плюс” бо гузашти шаш соат ҳанӯз алангаи сӯхтор хомӯш нашудааст. То ҳанӯз далели сӯхтор маълум нест.

Як манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Азия-Плюс аз ин корхонаи пахта  ҶДММ “Музаффар КО” ном бурда гуфт, ки “алангаи оташсӯзӣ хело калон аст”. Манбаъ афзуд, бо расидани хабари фаврӣ ҳудуди 20 нақлиёти оташнишониро ба ҷойи ҳодиса сафарбар карданд.

“Сӯхтор хело доман паҳн кардааст ва аз соати 3:00 субҳи имрӯз то соати 08:30 бо гузашти тахмин шаш соат ҳоло ҳам алангаи оташ хомӯш карда нашудааст. Ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест, вале тахмин меравад сӯхтор ҳудуди 400 метри мураббаи корхонаро фаро гирифта ва домони оташсӯзӣ дар ҳоли зиёдшавист. Дар ин корхона ба миқдори хело зиёд маҳсулоти тайёри пахта мавҷуд буд”,

-гуфт манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд.

Манобеи “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ оташсӯзӣ дар ҶДММ “Музаффар КО”-ро тасдиқ карданд ва гуфтанд ин корхонаи коркарди пахта ба соҳибкор Салим Мирзоев таъаллуқ дошт. Вай афзуд, “аз рӯйи шуниди ман дар ин корхона 1400 тонна нахи пахта истеҳсолу дар захира буд, ки ҳар як нахи пахта тақрибан 3 ҳазор долар арзиш дошт. Ҳоло ҳам сӯхтор хомӯш нашудааст”,-илова кард манбаъ.   

Феълан сабаби сӯхтор ва ё хисороти оташсӯзӣ дар ин корхонаи пахтатозакунӣ маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.