ИМА кишварҳои Осиёи Марказиро ба “Ҳамоиш барои демократия” даъват накард

Департаменти давлатии ИМА дар сомонаи худ рӯйхати 110 кишварро нашр кард, ки барои иштирок ба “Ҳамоиш барои демократия” (Summit for Democracy) даъват шудаанд. Ин нишаст аз ҷониби президенти ИМА Ҷо Байден созмон дода мешавад. Дар рӯйхати рӯзи 24 ноябр нашршуда ягон кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ зикр нашудааст. Ба рӯйхат инчунин Русия, Чин ва иттифоқчии ИМА […]

Департаменти давлатии ИМА дар сомонаи худ рӯйхати 110 кишварро нашр кард, ки барои иштирок ба “Ҳамоиш барои демократия” (Summit for Democracy) даъват шудаанд. Ин нишаст аз ҷониби президенти ИМА Ҷо Байден созмон дода мешавад. Дар рӯйхати рӯзи 24 ноябр нашршуда ягон кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ зикр нашудааст.

Ба рӯйхат инчунин Русия, Чин ва иттифоқчии ИМА дар НАТО Туркия шомил нашудаанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҷуз Маҷористон (Венгрия) дигар ҳама давлатҳо зикр шудаанд.

Собиқ кишварҳои пасошӯравиро Армамнистон, Гурҷистон, Латвия, Литва, Молдавия, Украина ва Эстония намояндагӣ мекунанд. Аз кишварҳои Ховари Миёна Исроил ва Ироқ даъват шудаанд.

Миёни кишварҳои даъватшаванда Тайван ҳам зикр шудааст, ки тибқи мавқеи расмӣ, яке аз музофотҳои Чин мебошад.

Ҳамоиш рӯзҳои 9-10 декабр тариқ конфронси видеоӣ баргузор мешавад. Дар он ба ҷуз шахсони расмии давлатҳо, инчунин тоҷирону намояндагони иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ ва созмонҳои хайрия иштирок мекунанд.

“Ҳамоиш ба чолишу имкониятҳое, ки демократияҳо ба он дучор мешаванд, бахшида шуда, барои раҳбарон замина фароҳам меорад, то ки уҳдадориҳои инфиродӣ ва дастаҷамъона, ислоҳот ва ташаббусҳои ҳифзи демократия ва ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷи кишварро эълон кунанд”, – баён мешавад дар хабари Департаменти давлатӣ.

Гуфта мешавад, ҳамоиш ба роҳбарияти ИМА имкон медиҳад, ки бо доираи васеи субъектҳое, ки дастгирӣ ва ӯҳдадориҳои онҳо барои таҷдиди глобалии демократӣ муҳиманд, гуфтушунид карда, пешниҳодоти онҳоро бипазираду омӯзад.

"Он инчунин яке аз ҷиҳатҳои пурқуввати беназири демократияро нишон хоҳад дод: қобилияти эътироф ва муқобилаи ошкоро ва шаффоф бо заъфҳои он, то ки тавре дар Конститусияи ИМА гуфта шудааст, мо тавонем, иттифоқи бештар комилтаре ташкил кунем", – омадааст дар хабар.

“Ҳифозат аз худкомагӣ (авторитаризм), пешгирии коррупсия ва мубориза бо он, мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқи башар” аз ҷумлаи мавзӯъҳои калидии ҳамоиш унвон шудааст.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки ҳадафи ташкили ҳамоиш аз ҷониби ИМА “ҷудо кардани одамону кишварҳо ба демократӣ ва ғайридемократӣ” аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.