Корхонаи алюминии Тоҷикистон 34-сола шуд

            Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба оғози фаъолияти яке аз бузургтарин корхонаҳои бузург дар қаламрави собиқи шӯравӣ ва ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Корхонаи алюминии Тоҷикистон 34 сол пур мешавад.             31-уми марти соли 1975 дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон фулузпорчаи нахустин рехта шуд. Шурӯъ аз ҳамин рӯз фаъолияти корхонаи бузургтарини ҷумҳурӣ […]

Роза Шапошник



           

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба оғози фаъолияти яке аз бузургтарин корхонаҳои бузург дар қаламрави собиқи шӯравӣ ва ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Корхонаи алюминии Тоҷикистон 34 сол пур мешавад.





           

31-уми марти соли 1975 дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон фулузпорчаи нахустин рехта шуд. Шурӯъ аз ҳамин рӯз фаъолияти корхонаи бузургтарини ҷумҳурӣ оғоз гардид ва феълан он дар бахши тавлидоти маҳсулоти саноатии

 

кишвар саҳми арзанда дорад. Иқтидори истеҳсолии корхона ба 517 ҳазор тонна алюминий дар як сол баробар аст. 3-юми апрели соли 2007 мувофиқи қарори ҳукумати кишвар, номи «Корхонаи алюминии Тоҷикистон» (ТадАЗ) ба КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (Талко) табдил ёфт.




           

Феълан ширкат корхонаи пешқадамтарини бахши саноати ҷумҳурӣ аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тавлидотии корхона ҳудуди нисфи миқдори умумии маҳсулоти саноатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.




           

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, соли 2008 дар корхона беш аз 400 ҳазор тонна маҳсулоти аввалияи хушсифати алюминий истеҳсол карда шуд. «Талко» андозсупорандаи бузургтарин ба буҷаи ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, 70 дарсади даромади асъории кишварро таъмин месозад.




           

Маҳсулоти тавлидотии ширкат ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ буда, сазовори як қатор мукофотҳои созмонҳои байнулмилалӣ гардидани корхона шаҳодати ин гуфтаҳост. Ахири соли гузашта ширкат ба мукофоти байнулмилалии «Корхонаҳои беҳтарини Аврупо («Best Enterprises of Europe») сазовор дониста шуд. Кумитаи Ассамблеяи Тиҷорати Аврупо (ЕВА, Оксфорд, Бритониёи Кабир) низ ширкатро барои таъмини рушд дар соҳа бо мукофот қадрдонӣ намуд.




           

Ғайр аз ин, соли 2008 корхона соҳиби мукофоти байнулмилалии «European Quality» («Сифати аврупоӣ») шуд. Чанде қабл аз рӯи натиҷаҳои баргузории аудит аз ҷониби ширкати SGS, Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ба гувоҳномаи низоми менеҷменти сифат (ISO 9001:2008) сазовор дониста шуда, ба феҳристи ширкатҳои муваффақтарини ҷаҳон шомил шуд. Ҷорисозии низоми менеҷменти сифат ба соҳиб шудани бартарияти корхона дар тендерҳо нисбат ба рақибони худ, афзоиши рейтинги корхона, беҳбуди фаъолияти пурсамари мутақобилан судманди воҳидҳо ва мутахассисони корхона, коҳиши хароҷот, тавсеъаи бозори фурӯши маҳсулот ва муттаҳидии коргарону интизоми меҳнат мусоидат хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.