Дар Русия барои тоҷикистониён телефони боварӣ роҳандозӣ шуд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират барои муҳоҷирони кории муқими ин кишвар телефони боварӣ роҳандозӣ намуд. Тавре дар хабари сомонаи Намояндагӣ дар ин робита зикр мешавад, ин иқдом ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо […]

Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират барои муҳоҷирони кории муқими ин кишвар телефони боварӣ роҳандозӣ намуд.

Тавре дар хабари сомонаи Намояндагӣ дар ин робита зикр мешавад, ин иқдом ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо равона шудааст.

“Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Маскав фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд”, – омадааст дар хабари Намояндагӣ.

Гуфта мешавад, ба муҳоҷирон мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Русия посух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд.

Рақами телефони боварӣ: +7 (495) 9679844.

Зимнан ба иттилои шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида мешавад, ки ҳангоми пеш омадани мушкилот метавонанд ба ин рақами телефон муроҷиат намоянд.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 331 ҳазору 353 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд, ки 2,8 баробар зиёдтар нисбат ба тамоми соли 2020 аст.

Муҳоҷирон бештар ба шаҳрҳои Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскав ва Ленинград мераванд.

Мақомоти муҳоҷирати Русия шумори муҳоҷирони кории тоҷикро дар қаламраваш зиёда аз 1 млн нафар арзёбӣ мекунад.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон 752,4 млн долларро ташкил додааст, ки 10,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.