БМТ шарҳ дод, ки чаро терминалҳои пардохт пулҳои нави 100-сомониро қабул намекунанд

Мушкилоти марбут ба қабули пулҳои 100-сомонӣ дар терминалҳои пардохт, ки 16 ноябри соли ҷорӣ ба муомилот бароварда шуданд, дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбанд. “Бозсозии барнома ва мутобиқ намудани терминалҳои худхизматрасонӣ (автоматӣ) барои қабули пулҳои нав вақти зиёдро талаб намекунад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ). Дар Бонки миллӣ шарҳ доданд, ки […]

Мушкилоти марбут ба қабули пулҳои 100-сомонӣ дар терминалҳои пардохт, ки 16 ноябри соли ҷорӣ ба муомилот бароварда шуданд, дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбанд.

“Бозсозии барнома ва мутобиқ намудани терминалҳои худхизматрасонӣ (автоматӣ) барои қабули пулҳои нав вақти зиёдро талаб намекунад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар Бонки миллӣ шарҳ доданд, ки терминалҳо бо сабаби тағйироти зоҳирии пули коғазии 100 сомонӣ онро қабул намекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар пули 100-сомонии нав расми “Қасри презиент” ба тасвири маҷмааи “Кохи Наврӯз” иваз карда шуд.

Дар БМТ таъкид доштанд, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ва агентҳои бонкиии пардохт (агентҳои фаръӣ) ба корҳои таъмини барномаи зарурӣ ва мутобиқсозии терминалҳо ба қабули пулҳои нав оғоз кардаанд.

“Бо барқияҳо аз 19 то 26 ноябр ҳамаи ташкилотҳои қарзиро огоҳ намудем, ки таҷҳизоти хазинавашонро ҷиҳати шинохти ҳаққонӣ будан ва қабули пулҳои нав такмил диҳанд”, – гуфтанд дар БМТ.

Дар Бонки миллӣ гуфтанд онҳо омодаанд, ки дар сурати зарурат ба моликони терминалҳо ҷиҳати мутобиқсозии таҷҳизот ба қабули пулҳои нави 100-сомонӣ машваратҳои техникӣ диҳанд.

“То 1 декабри соли ҷорӣ ба Бонки миллӣ дар ин хусус муроҷиат нашудааст”, – илова карданд дар Бонк.

Ёдрас мекунем, ки 16 ноябри соли равон дар Тоҷикистон пулҳои коғазии  10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар намунаи нав ба муомилот бароварда шуданд.

Коғази пул барои арзишҳои 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ аз омехтаи нахи пахта (қабати дарунии пул) ва маҳлули махсуси полиэтиленӣ (қабати берунии пул) омода карда шудааст.

Коғази пул барои арзишҳои 200 ва 500 сомонӣ 100 фоиз аз нахи пахта омода шуда, тарзи чопи пулҳо металлографӣ, офсетӣ ва барҷаста мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.