Нилуфар Раҷабова: “Дифоъ аз ҳаққи падарам ифротгаройӣ нест”

Мақомоти Тоҷикистон Нилуфар Раҷабоваро, ки 14-уми декабри соли 2019 барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт ва пас аз чанд рӯз бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буд, ба ифротгароӣ гумонбар мекунанд. Тавре Нилуфар дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ҳоло алайҳи ӯ бар асоси модда 307 қисми ду, парванда боз шудааст. «Бар асоси моддаи «ифротгароӣ бо […]

Мақомоти Тоҷикистон Нилуфар Раҷабоваро, ки 14-уми декабри соли 2019 барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт ва пас аз чанд рӯз бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буд, ба ифротгароӣ гумонбар мекунанд.

Тавре Нилуфар дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ҳоло алайҳи ӯ бар асоси модда 307 қисми ду, парванда боз шудааст. «Бар асоси моддаи «ифротгароӣ бо истифода аз Интернет» гумонбар мешавам. Ҳоло дар кӯтоҳтарин фурсат парванда ба муфатиш супорида мешавад ва баъдан ҳама чиз  маълум мегарадад».

Ба гуфтаи худи Нилуфар Раҷабова, парвандаро алайҳи ӯ Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон боз кардааст. 

Ӯ гуфт, худро гунаҳгор ҳисоб намекунад.

«Ин хабарро ба хонаводаам расонидаанд ва маро дар он гунаҳгор меҳисобанд, ки ба «Паём.нет», ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, дар бораи ба ШИЗО ё утоқи ҷаримавии маҳбас бурдани падарам, Раҳматуллои Раҷаб, суҳбат кардам. Ман маҷбур шудам, ки баромад кунам то  аз ҳаққи падарам дифо кунам. Ӯ бегуноҳ аст, бе ягон айбнома ӯро ба картсер ё ШИЗО барои 3 моҳ маҳкам карданд. Оё дар мавриди шиканҷа шудани падарам дар зиндон хомӯш мебудам? Ва оё дар мавриди ин гап задан ҷиноят аст?",-боварманд аст ӯ.

Нилуфар мегӯяд, се моҳ мешавад берун аз кишвар қарор дошта, духтарчаи беморашро ҷарроҳӣ кардаанд, ки вазъи саломатияш хеле вахим буд.

Ӯ дар мавриди кай ба ватан баргаштананш гуфт, ки ҳоло чизе маълум нест, чун табобати фарзандонаш нав оғоз гардидааст, ки онҳо гирифтори бемории «кӯдакони булӯрин» мебошанд.

«Ман ба табобати фарзандонам машғул ҳастам, ҳамин ки онҳо сиҳат ёфтанд, ҳатман бо сари баланд  ба Ватан бар мегарадам.  Чун Тоҷикистон хонаи ҳамаи мо мебошад»,-мегӯяд Нилуфар.

Ёдрас мешавем, ки Нилуфар Раҷабова духтари  Раҳматуллои Раҷаб, як узви зиндонишудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад. Падари ӯ бар асоси модаҳои гуногуни кодекси ҷиноятӣ барои 28 сол равонаи зиндон шудааст.

Нилуфар Раҷабова, ду сол пеш, ҳангоми қазияи парвандаи маъмурияш, ҳамчунин ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш карда буд, ки барои ҳалли мушкилоташ ва ҳимояи ҳуқуқҳояш мусоидат намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.