Арчаи имсолаи солинавии Хуҷанд аз пешинаҳо баландтар мешавад

Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» аз 6 декабр арчаи солинавӣ ба андозаи зиёда аз 20 метр қомат рост кард. Нисбат ба соли 2019 баландии он 4 метр зиёдтар аст. Соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ арчаи солинавӣ гузошта нашуда буд. Тавре ки дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» аз 6 декабр арчаи солинавӣ ба андозаи зиёда аз 20 метр қомат рост кард. Нисбат ба соли 2019 баландии он 4 метр зиёдтар аст. Соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ арчаи солинавӣ гузошта нашуда буд.

Тавре ки дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, рӯзҳои наздик чароғҳои рангини он ба тариқи муосир ҷиҳозонида мешаванд ва шабонгоҳ симои арчаи солинавиро шукуҳи дигар мебахшанд.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ майдони ҳудуди арчаи солинавӣ бори аввал бо чароғоннамоии муосир ва бо бунёди шаҳраки солинавӣ он зеб бахшида мешавад, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд нигаронида шудааст.

"Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон гӯшаҳои махсус таъсис меёбанд", – омадааст дар хабари дафтари матбуоти раиси маркази маъмурии вилояти Суғд.

Дар ин ҷо, аз санаи 20-уми декабр то 31-уми декабри соли 2021 соатҳои 15:00-17:00 аз ҷониби мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои олӣ ва театру дигар муасссисаҳои фарҳангӣ силсилаи консертҳои солинавӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон аз ҷониби санъаткорони маъруфи мамлакат консертҳои солинавӣ барои мардум пешниҳод карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.