Эмомалӣ Раҳмон Садир Жапаровро бо зодрӯзаш табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Қирғизистон Садир Жапаров барқия фиристода, ӯро бо ҷашни зодрӯзаш табрик кард. Сарвари давлати Тоҷикистон ба Жапаров солимӣ ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳо орзу намуд. Барқияи табрикӣ 6 декабр дар сомонаи президенти Қирғизистон ба нашр расидааст. “Ба шумо саломатии бардавому дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Қирғизистон […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Қирғизистон Садир Жапаров барқия фиристода, ӯро бо ҷашни зодрӯзаш табрик кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба Жапаров солимӣ ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳо орзу намуд. Барқияи табрикӣ 6 декабр дар сомонаи президенти Қирғизистон ба нашр расидааст.

“Ба шумо саломатии бардавому дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Қирғизистон рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно дорам.

Бо истифода аз фурсати мусоид изҳори итминон мекунам, ки муносибатҳои ҳамкориҳои созандаи Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ дар асоси усули эҳтироми мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои муштарак рушду густариш хоҳанд ёфт”, – омадааст дар барқия.

Президенти феълии Қирғизистон Садир Жапаров 6 декабри соли 1968 дар ноҳияи Тюпи вилояти Иссиқ-Кӯли Қирғизистон ба дунё омадааст. 10 январи соли равон президенти кишвари ҳамсоя интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.