Даргузашти профессори таърихдон Абдувалӣ Қушматов

Абдувалӣ Қушматов, прпофессори таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баъд аз зуҳри имрӯз, 15-уми декабр бар асари беморие, ки дошт дар синни 71-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар медиҳанд. Ҷанозаи профессор Қушматов, фардо, 16-уми декабр, соати 10.00 дар зодгоҳаш, деҳаи Мулломири ноҳияи Ашти вилояти Суғд баргузор мешавад. Профессор Қушматов соли 1950 дар ноҳияи Ашт ба дунё […]

Asia-Plus

Абдувалӣ Қушматов, прпофессори таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баъд аз зуҳри имрӯз, 15-уми декабр бар асари беморие, ки дошт дар синни 71-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар медиҳанд.

Ҷанозаи профессор Қушматов, фардо, 16-уми декабр, соати 10.00 дар зодгоҳаш, деҳаи Мулломири ноҳияи Ашти вилояти Суғд баргузор мешавад.

Профессор Қушматов соли 1950 дар ноҳияи Ашт ба дунё омада, риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1969 хатм карда буд.  Пас аз хатми донишгоҳ тадриси таърихро дар  кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултаи таърихи ин донишгоҳ оғоз мекунад.

Абдувалӣ Қушматов рисолаи номазадии худро дар мавзуъи «Заминдории вақфи шимоли Тоҷикистон дар соли 1870-1917» ва рисолаи докториро дар мавзӯи: «Деҳқонони тоҷик дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ (солҳои 1867-1917)» дифоъ мекунанд.

Ин таърихдон ва омӯзгори ботаҷриба то поёни умри худ дар кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни дарс мегуфтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст