Боғи марказии ноҳияи Файзобод номи Бозор Собирро гирифт

Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири хушном ва шаҳири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” хабар медиҳад. Кароматулло Соҳибназаров мудири бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод гуфтааст, ки соли 2022 дар ин боғ нимпайкараи шоир гузошта мешавад. Бозор Собир яке аз пурбаҳстарин шоир ва шахсияти фарҳангии поёни Шӯӯравӣ ва даврони […]

Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири хушном ва шаҳири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” хабар медиҳад.

Кароматулло Соҳибназаров мудири бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод гуфтааст, ки соли 2022 дар ин боғ нимпайкараи шоир гузошта мешавад.

Бозор Собир яке аз пурбаҳстарин шоир ва шахсияти фарҳангии поёни Шӯӯравӣ ва даврони истиқлоли Тоҷикистони буд.

Ӯ дар солҳои поёнии Шӯравӣ ба ҳаракатҳои озодигароиву миллихоҳӣ пайваст ва яке аз чеҳраҳои хушноми созмони мардумии “Растохез” ва ҳизби демкорати Тоҷикистон буд. Баъди Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати нав барои чанд муддате зиндонӣ шуд ва зери таъсири фишори созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя аз зиндон раҳо шуд.

Баъди раҳоӣ аз зиндон ибтидо ба Маскав ва сипас ба Амрико ҳиҷрат кард.

Баъди муҳоҷират дар Амрико Бозор Собир бо навиштани шеърҳо ва мақолаҳои хеле интиқодӣ ба яке аз чеҳраҳои пурбаҳси матбуот табдил шуд. Ҳамчун Бозор Собир амалкардҳои ҳукуматро ҳамеша дар расонаҳо ба боди интиқод мекашид.

Дар соли 2013 баъди солҳои дарози муҳоҷират ҳукумати Тоҷикистон Бозор Собирро ба Тоҷикистон баргардонид ва раисҷумҳур Эмомалӣ раҳмон ба таври вижа ӯро дар Қасри миллат истиқбол кард.

Бозор Собир соли 2018 дар Амрико баъди як ҷарроҳӣ даргузашт ва ҷасади ӯро ба Тоҷикистон оварданду дар оромгоҳи сеҳраҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон – Лучоб ба хок супурда шуд.

Маводи “Азия – Плюс”-ро бо номи “Бозор Собир ҳукуматро дар худ гунҷонда буд”, ки як соле пеш нашр шуда буд, дар инҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.