Вазорати тандурустӣ гирифтани вояи сеюми ваксина зидди Covid-19-ро баррасӣ мекунад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон масъалаи гирифтани ваксинаи сеюми зидди бемории коронавирусро баррасӣ намуда истодааст. Аммо қабл аз он бояд на камтар аз 6 млн аҳолии кишвар ду ваксинаи заруриро бигиранд, иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ваксиназании сеюм байни […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустии Тоҷикистон масъалаи гирифтани ваксинаи сеюми зидди бемории коронавирусро баррасӣ намуда истодааст. Аммо қабл аз он бояд на камтар аз 6 млн аҳолии кишвар ду ваксинаи заруриро бигиранд, иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ваксиназании сеюм байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро ба нақша гирифта,  баррасии он идома дорад.

“Вале дар аввал бояд на камтар аз 6 млн аҳолӣ ҳар ду ваксинаро гирифта бошанд ва баъдан масъалаи сеюм ҳалли худро пайдо мекунад. Айни ҳол эмгузаронӣ байни аҳолӣ идома дорад ва умедворем ба ин шумора низ мерасем”, – гуфт Ҷаъфаров.

Номбурда иттилоъ дод, ки Тоҷикистон тибқи нақша ба 12 млн воя ваксина эҳтиёҷ дорад ва то имрӯз беш аз 8 млн 400 ҳазор воя ба Тоҷикистон ворид гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Тоҷикистон 57 дарсади аҳолӣ вояи якум ва зиёд аз 47 дарсад вояи дуввуми ваксина ба зидди бемории СОVID-19-ро гирифтаанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. То имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА).

Дар ҳамин ҳол, давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.