Оғози таҳқиқоти нав дар Тоҷикистон оид ба кадом расонаҳоро бештар писандидани аҳолӣ

Таҳқиқоти мазкур назарсанҷии зиёда аз 2,5 ҳазор нафар аҳолии кишварро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он маълум хоҳад гашт, ки мардуми кишвар бештар кадом шабакаҳои телевизионро тамошо мекунанду кадом радиоро гӯш меандозанд ва кадом газетаву маҷалларо зиёдтар мехонанд. Илова бар ин, дар таҳқиқот маълум карда хоҳад шуд, ки аҳолӣ кадом тарзи нави расонидани маълумотро тариқи интернет-гаҷетҳо […]

Таҳқиқоти мазкур назарсанҷии зиёда аз 2,5 ҳазор нафар аҳолии кишварро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он маълум хоҳад гашт, ки мардуми кишвар бештар кадом шабакаҳои телевизионро тамошо мекунанду кадом радиоро гӯш меандозанд ва кадом газетаву маҷалларо зиёдтар мехонанд.

Илова бар ин, дар таҳқиқот маълум карда хоҳад шуд, ки аҳолӣ кадом тарзи нави расонидани маълумотро тариқи интернет-гаҷетҳо – сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, месенҷерҳо ва почтаҳои электронӣ интихоб намудааст, мегӯяд Набӣ Юсупов, директори ТҶ “Медиа консалтинг”, ки ба таҳқиқот машғул мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, тариқи муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои ахбори умум таҳқиқот метавонад ба се ҳадаф ноил гардид.

Якум, муайян кардани аудиторияи корбарон ва сатҳи истифода аз ВАО. Дуюм, кумак ба ВАО-ватанӣ ҷиҳати сифатан беҳбуд бахшидан ба мундариҷаи расона. Ва сеюм, кумак ба манбаъҳои маълумот дар муайян кардани ВАО-и бештар пуррсамар барои паҳнкуниву таблиғи маълумоте, ки бевосита ба аудиторияи ҳадафноки онҳо таъин шудааст.

Таҳқиқоти кадом расонаҳоро бештар писандидани аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Медиа консалтинг” мебошад, ки дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанг ва Маркази таҳқиқоти иҷтимоии “Зеркало” амалӣ мешавад. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои татбиқи он грант ҷудо кард.

Қобили зикр аст, ки чунин таҳқиқот аллакай маротибаи сеюм гузаронида мешавад. Ду таҳқиқоти аввал солҳои 2018 ва 2019 баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.