Таҳқиқи афзалиятҳои расонавӣ аз назари мардум дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон оид ба муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолӣ пурсиш оғоз гардид. Ба муҳаққиқон лозим аст, муайян кунанд, ки имрӯз аҳолӣ кадом шабакаҳои телевизиониро мебинад, чиро мешунавад ва мехонад. Пурсиш наздики 2,5 ҳазор нафарро дар тамоми ҷумҳурӣ фаро мегирад. Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии […]

Дар Тоҷикистон оид ба муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолӣ пурсиш оғоз гардид. Ба муҳаққиқон лозим аст, муайян кунанд, ки имрӯз аҳолӣ кадом шабакаҳои телевизиониро мебинад, чиро мешунавад ва мехонад. Пурсиш наздики 2,5 ҳазор нафарро дар тамоми ҷумҳурӣ фаро мегирад.

Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин тадқиқот муайян намудани сатҳи истифодаи воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва фанновариҳои нав аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон аст.

 «Ин тадқиқот марҳилаи дуюм оид ба муайян намудани  афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар аст, – гуфт директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов. – Дар соли 2018 мо натиҷаҳои тадқиқотеро, ки охири соли 2017 – оғози соли соли 2018 баргузор шуда буд, муаррифӣ кардем. Ҳанӯз ҳамон вақт тамоюли тағйиротҳои назаррас дар афзалиятҳои аҳолӣ ба  воситаҳои ахбори омма ба назар расид. Ҳокимияти бечунучарои пешинаи ВАО-и анъанавӣ бо пайдоиши Интернет ва абзорҳои гуногун, ки ҳам шумораи истифодабарони расонаҳо ва ҳам шумораи гуногунии муҳтавои пешниҳодшавандаро афзоиш доданд,  вайрон шуда буд. Тадқиқоти мазкур бояд нишон диҳад, ки бо гузашти як сол вазъ чӣ гуна тағйир ёфтааст».

Тадқиқот мухотабони ВАО-и гуногунро муайян ва оид ба рушди минбаъдаи соҳа самтҳоро пешниҳод менамояд. Натиҷаҳои тадқиқот инчунин нишон медиҳанд, ки  ВАО-и анъанавӣ бо кадом самтҳо бояд ҳаракат кунад ва барои расонаҳои нав чӣ имконоте боз шуда метавонанд.

Методологияи тадқиқот аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» таҳия шудааст. Натиҷаҳои тадқиқот дар моҳи апрели соли 2019 муаррифӣ мегарданд. Тавре директори иҷроияи МТС «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода иброз дошт, сохторҳои гуногуни кишвар ба натиҷаҳои тадқиқот манфиатдоранд. Ба онҳо пеш аз ҳама худи идораҳои ВАО, рекломдиҳандагон, инчунин созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки ба рушди ВАО ҳавасманданд, шомил мешаванд. Натиҷаҳои тадқиқот барои мутахассисони соҳавӣ – маркетологҳо, рӯзноманигорон, менеҷерони расонавӣ ва блогерҳо низ ҷолиб хоҳад буд.

Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ 367 рӯзнома (107 давлатӣ ва 260 ғайридавлатӣ);  239 маҷалла (110 давлатӣ ва 129 ғайридавлатӣ); 34 шабакаи телевизионӣ (8 давлатӣ ва 26 ғайридавлатӣ); 30 радио (6 давлатӣ ва 24 ғайридавлатӣ); 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ) ва 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунанд

Тадқиқот бо дастгирии молиявии сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...