Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон охири моҳи март дар Тошканд вомехӯранд

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки сарвазирони давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ҳамраисони он мебошанд, охири моҳи март дар шаҳри Тошканд доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки сарвазирони давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ҳамраисони он мебошанд, охири моҳи март дар шаҳри Тошканд доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳо байни давлатҳо дар ҳама самтҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар ҷаласаи Тошканд асосан ба баррасии масоили рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва илмиву техникӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, санаи 5 март муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Илҳом Неъматов сафири Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфта, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда зимни вохӯриҳои сарони кишварҳоро баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба таҳияи рӯзнома ва муҳлатҳои баргузории чорабиниҳои муштарак дар соли 2019, аз ҷумла ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар кори вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.