Соҳибкорони бозори «Зарнисор» баҳри ҷустуҷӯи ҳақиқат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯ оварданд

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибкорони бозори «Зарнисор» баҳри ҷустуҷӯи ҳақиқат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯ оварданд Тибқи иттилои радиои «Озодӣ», қазияи бозори Зарнисор, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе то дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон кашид. Ҳудуди 15 тан аз ҷумлаи раҳбарият ва тоҷирони ин бозор ҷиҳати додхоҳӣ ва изҳори норизоиятӣ аз ҳукми Додгоҳи иқтисодии […]

Рамзия Мирзобекова


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибкорони бозори «Зарнисор» баҳри ҷустуҷӯи ҳақиқат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯ оварданд




Тибқи иттилои радиои «Озодӣ», қазияи бозори Зарнисор, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе то дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон кашид. Ҳудуди 15 тан аз ҷумлаи раҳбарият ва тоҷирони ин бозор ҷиҳати додхоҳӣ ва изҳори норизоиятӣ аз ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба дастгоҳи раёсатиҷумҳур омаданд. Қаблан, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳукм карда буд, ки фаъолияти бозори Зарнисор ғайриқонунист ва он бояд баста шавад. Аммо раҳбарият ва тоҷирони ин бозор мегӯянд, тамоми асноди бозор дар мақомоти давлатӣ ва қабл аз ҳама шаҳрдории Душанбе аз қайд гузашта, ҳатто дар Нақшаи генералии шаҳр низ он ҷой дода шудааст. Дар баҳси дирӯз дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ муовини шаҳрдории Душанбе, раиси ноҳияи Сино, намояндагони додситонӣ ва додгоҳи иқтисодии пойтахт ширкат доштанд. Баррасии шикояти тоҷирон аз соати 10 то 12.30 идома дошт. Аммо бидуни натиҷа барои тоҷирон анҷом ёфт. Масъулин аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Танҳо яке аз онҳо бидуни зикри номаш гуфт, ки шикояти тоҷирон бояд тибқи қонун дар Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шавад.



Ба гуфтаи ҳамсари роҳбари бозор Елена Миткова, дар сурати ҳалли ғайриқаноатбахши масъала, онҳо маҷбур хоҳанд шуд, ба созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқ муроҷиат намоянд. «Бозор ба мактаби таҳсилоти умумии наздики бозор кӯмак мерасонд ва ният дошт, ки барои кӯдакони бемор мактаби махсус бунёд созад, вале агар бозорро банданд, пас аз куҷо метавон барои ин маблағ пайдо кард», – гуфт ӯ.



Е.Миткова афзуд, шиносҳои ӯ аз шаҳри Рязани Русия нияти ташкили кори тиҷоратии худро дар шаҳри Душанбе доштаанд, вале пас аз чунин муносибат маблағгузории онҳо баҳри ин кор таҳти суол қарор хоҳад гирифт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.