Раиси пойтахт пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба аҳолиро таҳти назорати худ қарор медиҳад

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа тибқи дастурҳои қаблӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва фаъолони пойтахт ба […]

root


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа тибқи дастурҳои қаблӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва фаъолони пойтахт ба он нигаронида шуд,

 

ки бо таҳияи барномаҳои мушаххаси соҳавию ихтисосӣ ба маъракаи оғозгардидаи 900-рӯзи ободонӣ иштироки васеъ зери масъулияти шахсии ҳар

 

як роҳбари субъекти хоҷагидорӣ ва сокини пойтахт таъмин карда шавад ва нагузоранд, ки маъракаи мазкур характери ҳисоботӣ гирифта, саҳмгузориҳо танҳо дар коғаз ифодаи худро ёбанд.




 

Бо ин мақсад таъкид дошт, ки баррасии барномаҳо ва ҷараёни татбиқи он аз ҷониби субъекти соҳибташаббус бевосита аз тарафи Раиси шаҳр назорат бурда мешавад.



Бо дахли масоили масрафоти мақсадноки маблағҳои буҷавӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои он таъкид намуд, ки назорати молиявиро пурзӯр сохта, пардохтҳои пешбинигардидаи буҷавӣ,

 

пеш аз ҳама нафақа ва маоши кормандони ташкилоту идораҳои буҷетӣ чун ҳамеша саривақт таъмин карда шавад.



Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии дигар масъалаҳои ҳаёти хоҷагидории пойтахт аз ҳолати хизматрасонии нақлиёти коммуналии мусофиркашонӣ ва

 

дар қисмати шабона ба талаботи мусофирон ҷавобгӯ ташкил накардани фаъолияти муассисаҳои хизматрасон изҳори нигаронӣ намуда, муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев ва директори муассисаи давлатии коммуналии

 

«Душанбенақлиётхадамотрасон» Р. Ҳомидовро муваззаф сохт, ки оид ба ислоҳи вазъ тадбирҳои воқеӣ андешанд.



Бо инобати ҷараён доштани мавсими боронӣ ва дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани

 

каналҳои селпартои ҳудуди пойтахт Сарраёсати ободонии

 

шаҳрро вазифадор намуд, ки фаъолияти

 

мавҷударо дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ тақвият бахшад.



Ба хотири қонеъ гардонидани талаботи сокинон оид ба ташкили шароити манзилӣ ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе якҷоя бо Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дастур фармуд, ки ҷиҳати идома додани азхудкунии қитъаҳои замини иловагии маҳаллаи «Ховарон»

 

ва тибқи тартиби ҷойдошта барои бунёди манзилҳои индивидуалӣ ба шаҳрвандон вобаста кардани онҳо дар мӯҳлати як моҳ корҳои тадқиқотиву пажӯҳиширо ба анҷом расонанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.