Директори Агентии назорати маводи нашъаовар намояндагони ИМА-ро аз вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ огаҳ сохт

            Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо ҳайати Комиссияи ИМА оид ба баҳогузорӣ ба татбиқи барномаҳои пурсамар ва мақсадноки кӯмаки ин давлат дар бахши таҳкими марзҳо доир гардид.             Чӣ тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо ҳайати Комиссияи ИМА оид ба баҳогузорӣ ба татбиқи барномаҳои пурсамар ва мақсадноки кӯмаки ин давлат дар бахши таҳкими марзҳо доир гардид.





           

Чӣ тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот аз самараи фаъолияти агентӣ ва масоили ҳамоҳангии он бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.




           

Ба гуфтаи манбаъ, ба ҳайати Амрико дар бораи вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, чораҳои андешидаи ҳукумат дар ин самт ва фаъолияти мақомоти салоҳиятдори кишвар дар бахши мубориза алайҳи қочоқ ва фурӯши маводи нашъаовар маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.