Соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 69 млн доллар барқ интиқол медиҳад

Тоҷикистон мувофиқи созишномаи имзошуда бо Афғонистон соли равон ба ин кишвар 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад, менависад ИНТЕРФАКС бо истинод ба муовини намояндаи расмии ҳаракати “Толибон” Иномулло Самангонӣ. “Мутобиқи созишномаҳои нав байни Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат ва Ӯзбекистон – 2 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тоҷикистон мувофиқи созишномаи имзошуда бо Афғонистон соли равон ба ин кишвар 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад, менависад ИНТЕРФАКС бо истинод ба муовини намояндаи расмии ҳаракати “Толибон” Иномулло Самангонӣ.

“Мутобиқи созишномаҳои нав байни Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат ва Ӯзбекистон – 2 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳанд”, – гуфтааст Самангонӣ.

Таъкид шудааст, ки арзиши солонаи қарордодҳо мутаносибан 69 млн  ва 100 млн долларро ташкил медиҳад.

Қаблан ширкати “Барқи тоҷик” дар шарҳи имзои қарордод бо Афғонистон зикр кард, ки ин як қарордоди иловагии ҳанӯз соли 2008 баимзорасида ба созишномаи байни ҷонибҳо мебошад.

“Тибқи илова ба созишнома барои соли 2022, дар давраи баҳору тобистон (май-сентябр) Афғонистон аз Тоҷикистон ҳамарӯза 400 МВт/соат ва дар давраи тирамоҳу зимистон (октябр-апрел) – 25-30 МВт/соат барқ мегирад, ки “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад”, – зикр гардида буд дар хабар.

Барои 1 кВт/соат барқ Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 94 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ интиқол додааст, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.