12 ҳазор долларо гирифтанду ба донишгоҳ дохил накарданд.Қазияи зану марди 31-сола

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки як марду зани сокини Душанбе барои ба донишгоҳ дохил кардани довталабон аз чанд шаҳрванд пул гирифтаву онҳоро фиреб додаанд.  Ҳарчанд ВКД аз ин марду зани сокини Душанбе ном набурдааст, аммо гуфтааст, ки онҳо 31-сола буда дар чанд ҳолат аз шаҳрвандон 12 ҳазору 100 доллари амрикоӣ гирифтаву онҳоро фиреб […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки як марду зани сокини Душанбе барои ба донишгоҳ дохил кардани довталабон аз чанд шаҳрванд пул гирифтаву онҳоро фиреб додаанд. 

Ҳарчанд ВКД аз ин марду зани сокини Душанбе ном набурдааст, аммо гуфтааст, ки онҳо 31-сола буда дар чанд ҳолат аз шаҳрвандон 12 ҳазору 100 доллари амрикоӣ гирифтаву онҳоро фиреб додаанд.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки ин зану мард пулҳоро барои ба кадом донишгоҳ ва кадом тахассус дохил кардани шаҳрвандон гирифтаанд. ВКД дар хабарномааш наовардааст, ки оё ин зану мардро боздошт кардааст ё не, танҳо таъкид шудааст, ки "вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад".

Дафтари матбуоти ВКД аз ҷумла мегӯяд, ки зани 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод ба ин ниҳод муроҷиат намудааст, ки "моҳи июни соли 2021, дар назди бинои маркази савдои «Саодат»-и пойтахт, зану марди 31-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки духтарашро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо номбурдагон маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд".

Ҳамчунин ба навиштаи ин ниҳод ин зану мард моҳи июни соли 2021 аз як ҷавони 20-солаи сокини пойтахт 6 ҳазору 500 доллар ва аз марди 51-солаи сокини дигари пойтахт 3 ҳазор доллари амрикоӣ  барои ба донишгоҳ дохил кардани авваливу духтари дувумӣ гирифта, аммо онҳоро фиреб додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.