Ширин Амонзода сардор ва муовини Хадамоти меҳнату муҳоҷирати вилояти Суғдро барканор кард

Зайнур Шарифӣ, сардори раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд ва муовини ӯ Ҷамшедхон Сайфуллозода аз мақом барканор шуданд. Ин ду мақомдори вилоятӣ бар асоси як фармони Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барканор шудаанд. Ба ҷойи Шарифӣ, Камолзода Саид Олим, сардори ин раёсат таъин шудааст. Камолзода то расидан ба ин […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Зайнур Шарифӣ, сардори раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд ва муовини ӯ Ҷамшедхон Сайфуллозода аз мақом барканор шуданд. Ин ду мақомдори вилоятӣ бар асоси як фармони Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барканор шудаанд.

Ба ҷойи Шарифӣ, Камолзода Саид Олим, сардори ин раёсат таъин шудааст. Камолзода то расидан ба ин мақом сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Саид Камолзода, ки ҳамакнун сардори нави ин раёсат аст, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ин хабаррро таъйид кард ва гуфт муаррифии ӯ дар ҷаласае субҳи имрӯзи 7-уми январ сурат гирифт.  

Зайнура Шарифии 57-сола аз соли 2011 ба ин тараф сардори инниҳод буд ва гуфта мешавад баъди барканорӣ дар раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳукумати вилояти Суғд ба кор таъйин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.