Тоҷикистону Қазоқистон парвозҳоро баъди анҷоми бетартибӣ дар Алмато барқарор мекунанд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” пас аз бозистии начандон зиёд парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе барқарор мекунад. Фурудгоҳи байнулмилалии Алмато ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро аз барқарор шудани фаъолияташ огоҳ кардааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр”. “Мо аз фурудгоҳи Алмато дар бораи барқарор шудани кори он огоҳиномаи расмӣ гирифтем. Бар асоси ин огоҳинома ният […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” пас аз бозистии начандон зиёд парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе барқарор мекунад. Фурудгоҳи байнулмилалии Алмато ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро аз барқарор шудани фаъолияташ огоҳ кардааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр”.

“Мо аз фурудгоҳи Алмато дар бораи барқарор шудани кори он огоҳиномаи расмӣ гирифтем. Бар асоси ин огоҳинома ният дорем, ки парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе ба иҷро расонем. Парвозҳои ширкати мо ба Алмато ва бозпас аз он ҷо ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд. Парвози наздиктарин рӯзи 19 январи соли 2022 ба нақша гирифта шудааст”, – гуфтанд дар ширкати “Сомон Эйр”.

Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии Air Astana, ки ин ширкат низ бо самти Алмато-Душанбе-Алмато парвозҳо анҷом медиҳад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки парвозҳои онҳо тибқи ҷадвал рӯзи 16 январ дар назар аст.

“Парвоз дар ин рӯз мувофиқи ҷадвали парвозҳо ба нақша гирифта шуда, ҳоло дар он ҳеҷ тағйироте нест. Агар ягон тағйироте сурат бигирад, мусофиронро огоҳ мекунем”, – гуфтанд дар намояндагии Air Astana дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар Қазоқистон Фурудгоҳи байнулмилалии Алмато муваққатан баста шуд. Нахуст зикр шуд, ки фурудгоҳи то 10 январ баста мешавад, лекин баъдан ВАО хабар доданд, ки кори он ба муҳлати номуайян боздошта шудааст.

Пас аз ин ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе парвозҳо анҷом медоданд, онҳоро бекор карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ба пурра ҷуброн кардани арзиши билет ба мусофирон ё иваз кардани билетҳои онҳо ба парвозҳои наздиктарин омодаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.